Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУТАСИЯ

МУТАСИЯ

mutasiyaМУТАСИЯ (аз лотинӣ mutatio — тағйирёбӣ, ивазшавӣ), тағйирёбии структураи ирсии материяи зинда, ки шомил ва ноқили ахбори генетикӣ аст. Тамоми шаклҳои ҳаёт — аз вирусу микроорганизмҳо cap карда, то набототу ҳайвонот ва одам қобили Мутасия мебошанд. Организмҳои дар натиҷаи Мутасия тағйирёфта мутант ном доранд. Воҳиди Мутасия мутов (элементи майдатарини ген) буда, тағйирёбии он боиси пайдоиши мутантҳои нав мегардад. Ҳангоми Мутасия аломатҳои морфологӣ (масалан, резамутантҳои набототу ҳайвонот), физиологӣ (маҳсулнокии организм) ва биохимиявӣ (тар-киби химияви)-и организм тағйир меёбад. Истилоҳи «Мутасия»-ро ба генетика олими голланд X. Де Фриз (1901) дохил кардааст.

Се хели Мутасия маълум аст: геномӣ, хромосомӣ ва гевӣ. Ҳангоми Мутасияи геноми миқдори хромосомаҳои махсус (анеуплоидия) дар таркиби хромосома—геномҳо (полиплоидия ва гаплоидия) тағйир меёбанд. Мутасияи хромосомӣ бошад, тағйирёбии гуногуни хромосомаҳоро дарбар мегирад. Дупликасия (дучандшавии қисмҳои хромосомаҳо), делесия (талафи онҳо), инверсия (тағйирёбии тартиби генҳо дар натиҷаи ба 180° чарх задани қисмҳои хромосомаҳо) ва транслокасия (мубодилаи қисмҳои байни хромосомаҳо) ба Мутасияи хромосомӣ дохил мешаванд. Ҳангоми Мутасияи г е н ӣ дар сохти химиявии генҳои алоҳида дигаргуниҳои устувор ба амал меоянд. Маълум аст, ки вайрон гаштани тартиби нуклеотидҳои КДН (кислотаи дезоксирибонукле-ат)-и генҳо боиси дар хамон молекулаи сафеда иваз шудани аминокислотаҳои алоҳида мегардад (нигаред Коди генетикӣ). Ин ҳолат ба тағйирёбии аломатҳо оварда мерасонад. Мутасия дар организм ба худи он дахле намекунад ва таъсири он фақат дар насл зоҳир мегардад. Бештари Мутасия зарарнок (ё бефоида) буда, баъзеи онҳо фоиданоканд ё ҳангоми тағйирёбии Мутасияи муфид дар рафти эволюсия ва селексия чун омили интихоб хизмат мекунад. Нигаред низ Мутагенез, Бемориҳои ирсӣ.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …