Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУТАНОСИБӢ

МУТАНОСИБӢ

mutanosibМУТАНОСИБӢ (аз арабӣ дорои таносуб, созу муносиб), соддатарин шакли вобастагии функсионалист. Мутаносибӣ роста ва чаппа мешавад. Агар нисбати ду бузургии тағйирёбанда бетағйир монад, яъне ҳангоми чанд карат каму зиёд шудани яке аз онхо нисбати дигар низ ҳамон қадар каму зиёд шавад, чунин бузургиҳоро Мутаносиби роста меноманд. Мутаносиби бузургиҳои х ва у ба забони рамзии математикӣ чунин ифода мешавад: у = кх, ки дар он к коффисиенти мутаносибӣ мебошад. Аз ибтидои системаи координатаҳо хатҳои рост гузаронда вобастагии мутаносибиро графикӣ тасвир кардан мумкин аст, ки коэффисиентҳои кунҷиаш ба коэффисиентҳои мутаносибӣ баробар мебошад. Агар яке аз бузургиҳои х ва у ба бузургии баръакси дигар мутаносиб бошад (яъне у = я           ё ху = я), бузургиҳои х ва у-ро Мутаносиби чаппа меноманд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …