Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУТАНАББӢ Абуттайиб Аҳмад ибни Ҳусайни Ҷуъфӣ

МУТАНАББӢ Абуттайиб Аҳмад ибни Ҳусайни Ҷуъфӣ

personМУТАНАББӢ Абуттайиб Аҳмад ибни Ҳусайни Ҷуъфӣ (905, Куфа— 965, Ироқ), шоири араб. Аз оилаи машкоб. Мутунаббӣ аз 12-солагӣ ба шеър-гӯӣ cap кардааст. Дар дарбори ҳокимони Сурия, Миср, Ироқ ва Ҳалаб ҳамчун шоири қасидасаро хидмат кардааст. Барои шеърҳои ҳаҷвиаш дучори кинаву қасос гардида, кушта шуд. Мероси адабии Мутанаббӣ аз мадҳ, марсия, ҳаявия, фахр, ғазал, васф фароҳам омадааст. Шоир дар ашъораш ишқу муҳаббат, орзуву омоли инсонӣ ва ахлоқи хуҷастаро тараннум менамояд. Гоҳо дар эҷодиёти ӯ яъсу ноумедӣ ба назар мерасад. Мутанабӣ дар ашъораш баъзан нисбат ба қонуну қоидаҳои дини ислом беэътиноӣ зоҳир кардааст. Эҷодиёти Мутанабӣ ба бисёр шоирони асрҳои миёнаи араб ва форс-тоҷик, аз ҷумла Абулъалои Мааррӣ ва Саъдии Шерозӣ, таъсир кардааст. Девони ашъори Мутанабӣ аз ду қисм иборат буда, аввалин маротиба аз тарафи худи шоир мураттаб шуда аст; дар асрҳои минбаъда бисёре аз с уханшиносон ба он шарҳу таълиқот навиштаанд (Абулъалои Мааррӣ, Воҳидӣ, Акбарӣ, Носифи Езиҷӣ, Иброҳими Езиҷӣ ва ғайра). Девони ашъори Мутанабӣ борҳо бо саъйи адабиёт-шиносон нашр шудааст.

Адабиёт: Крачковский И. Ю., Избранные сочинении, том 2, Москва—Ленинград, 1956; Ханна аль-Ф а х у р и. История арабской литературы, том 2, Москва, 1961; Соловьев В.. Фильштинский И.. Юсупов Душанбе, Арабская литература, Москва, 1964. Т. Мардонов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …