Маълумоти охирин

МУТАЛАВВИН

vokalМУТАЛАВВИН (арабӣ— рангоранг), шеърест, ки ба ду вазн ё зиёда аз он хонда мешавад. Чандин ғазалҳои машҳури устодони бузурги назми классикии форс-тоҷик Саъдӣ, Ҳофиз, Сайидо ва дигар дар ду баҳр навишта шудаанд. Масалан, ин ғазали Саъдӣ (матлааш:

Эй боди бомдодӣ, хуш меравӣ ба шодӣ,

 Пайванди рӯҳ кардӣ, пайғоми дӯст додӣ)

ва Ҳофизро (матлааш:

            Дил меравад зи дастам соҳибдилон худоро,

           Дардо, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро)

дар ду баҳр — музореи мусаммани ахраб (мафъӯлу фоилотун/мафъӯлу фоилотун) ва мунсареҳи мусаммани махбуни макшуф (мустафъилун фаӯ-лун/мустафъилун фаӯлун) хондан мумкин аст. Дар муайян кардани авзони чунин ғазалҳо оханги хониш, талаффузи калимаҳо ва тақтеи байт роли асосӣ мебозад. Ин навъи Муталаввинро, ки дар ду баҳри мухталиф метавон хонд, дар илми бадеъ зубаҳрайн гӯянд. Маснавии «Маҷмаъ-ул-баҳрайн»-и Котибии Туршезӣ аз аввал то охир ба ду баҳр — сареъ ва рамал навишта шудааст. Инчунин, дар адабиёти форс-тоҷик шеърҳое низ дучор меоянд, ки онҳоро дар чаҳор баҳр хондан мумкин аст. Мисоли ин як ғазали Восифист (матлааш:

Наргиси чодуи ту оҳуи Чин,

Нофаи оҳуи ту холи ҷабин),

ки дар «Бадоеъ-ул-ъақоеъ» оварда шудааст. Ин навъ Муталаввинро зубуҳур мегӯянд. Мувофиқи маълумотп Рашиди Ватвот Маншурии Самарқандӣ доир ба Муталаввин acape доштааст.

С. Имронов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …