Маълумоти охирин

МУТАҚОРИБ

sherМУТАҚОРИБ (арабӣ— наздикшаванда, ба ҳам наздик), номи яке аз баҳрҳои аслии (солими) арӯз. Азбаски рукнҳои ватад ва сабаби он ба ҳам наздиканд, арӯзиён онро Мутақориб номидаанд. Рукни асосии (аслии) Мутақориб фаӯлун (V) буда, дар натиҷаи каму зиёд кардани миқдори ҳиҷову ҳарфҳо ё дигар шудани мавқеи ҳиҷоҳои дарозу кӯтоҳ таркиби он тағйир ёфта, ҳашт зиҳоф ба вуҷуд меояд:           (мусаббағ — фаӯлон; мақбуз — фаӯлу; мақсур — фаӯл; маҳзуф — фаал; аслам — фаълун; аслами мусаббағ — фаълон; асрам — фоъ; абтар — фаъ). Аз омезиши рукни аслӣ — фаӯлун ва зиҳофҳои он зиёда аз ҳашт навъи авзони баҳри Мутақориб дар шаклҳои мусамман ва мусаддас сохта мешавад. Шакли мураббаъи Мутақориб маъмул нест. Мисолҳо барои Мутақориб:

1)         Мутақориби мусаммани солим:

            (V        /V        /V        ГУ       )

Бути нозанинам, махи мехрубонам,

Чаро кахрӣ за ман? Балоят ба ҷонам. (Лоҳутӣ).

2)         Мутароқиби мусаммани максур:

<У       ГУ       /V        /V ~)

На танхо зи таъсири меҳри ҷахон

Шавад борвар ин ниҳоли ҷавон.  (Хабиб Юсуфӣ).

3)         Мутароқиби мусаммани маҳзуф:

(V        ГУ       ГУ       /У—)

Падармурдаро соя бар cap финан,

Ғубораш бияфшону хораш бикан. (Саъдӣ).

4)         Мутароқиби мусаддаси солим:

(V        /V        ГУ       )

Зи дарди ҷудоӣ чунонам,

Ки аз зиндагонӣ ба ҷонам. ( Сайфӣ).

«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Искандарнома»-и Низомии Ганҷавӣ, «Бӯс-тон»-и Саъдӣ ва ғайра дар баҳри Мутароқиб (Мутароқиби мусаммани мақсур) навишта шудаанд.

Адабиёт: Бахром Сирус, Арӯзи тоҷикӣ, Душанбе. 1963; 3 е х н ӣ Т.. Санъати сухан, Душанбе, 1979; У. Тоиров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …