Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУТАҲҲАРИ КУРА Саид

МУТАҲҲАРИ КУРА Саид

personМУТАҲҲАРИ КУРА Саид (1317—1392), шоири форсизабони Ҳиндустон. Аз мардуми шаҳри Кураи шимолии Ҳиндустон. Пас аз таҳсили илм ба шаҳри Гуҷарот ва баъд-тар ба Деҳлӣ рафта, чанде дар он ҷойҳо зиндагӣ кардааст. Ӯ аз муридони Авҳадии маъруф ба Чароғи Деҳлӣ (вафот 1358, орифи машҳури замонааш) буд. Аз Мутаҳҳари Кура дар ҳаҷми 5000 байт девоне боқӣ мондааст, ки аз қасида ва анвои дигар ашъори лирикӣ фароҳам омадааст. Қасидаҳояш асосан мадҳӣ буда, ба сабки ироқӣ бо киноёт ва истиороти фаровон суруда шудаанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …