Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУТАДОРИК

МУТАДОРИК

sherМУТАДОРИК (арабӣ-дарёфтан, дарак додан, пайвастан), номи яке аз бахрҳои аслии (солими) арӯз. Ин баҳрро барои он Мутадорик меноманд, ки рукнҳои ватад ва сабаби онро баъдтар ёфта, ба аркони дигар ҳамроҳ намуданд. Мутадорикро Абулҳасан Ахфаши Балхӣ (вафот 830/33) ихтироъ намуд. Мутадорик дар байни арӯзиёя бо номҳои ракзулхайр (суръатнок) ва савтунноқус (садои зангӯла), ғ ар и б низ дучор мешавад. Рукни аслии Мутадорик фоилун (—V—) аст. Дар натиҷаи каму зиёд гардидани ҳиҷову ҳарфҳо ё дигар шудани мавқеи ҳикоҳои дарозу кӯтоҳ таркиби он тағйир ёфта, панҷ зиҳоф ба вуҷуд меояд (махбун — фоилун; мақтӯъ—фаълун; Махбуни мақ-тӯъ—фаал; маҳфуз—фаъ; музол— фоъ). Аз омезиши рукни аслӣ—фоилун ва зиҳофҳои он зиёда аз шаш навъи баҳри Мутадорик дар шаклҳои мусамман, мусаддас ва дар эҷодиёти даҳанакии халк, —> дар шакли мураббаъ сохта мешавад.

Мисолҳо барои Мутадорик:

  1. Мутадорики мусаммани солим:

(— V —/— V — /— V — /— V —)

Мо ба ҳам тохтем дар раҳи инкилоб,

            Мо зафар ёфтем, босмачӣ шуд хароб.            (Айнӣ).

  1. Мутадорики мусаммани махбун:

(W —/VV —7VV —/VV — )

Чу рухат набувад гули боғи Ирам,

            Чу қадат набувад қади сарви чаман.               (Салмони Соваҷӣ).

  1. Мутадорики мусаммани мақтӯъ:

(           /           /           /           )

То кай моро дар ғам дорӣ?

            То кай орӣ бар ман хорӣ?       (Ҷомӣ).

  1. Мутадорики мусаммани махбуни мақтӯъ:

(— У —/V—/— V—/V—)

Сунбули сиях бар суман мазан,

Лашкари ҳабаш бар Хутан мазан.                       (Ҷомӣ).

Адабиёт: Баҳром Сирус, Арӯзи тоҷикӣ, Душанбе 1963: 3 е х н ӣ Т., Санъати сухан, Душанбе, 1979; Бартельс Е. Э., Грамматика персидского языка. Ленинград, 1926.

У. Тоиров.

 

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …