Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУСТАЗОДИ НАВО

МУСТАЗОДИ НАВО

mustazod«МУСТАЗОДИ НАВО» яке аз шӯъбаҳои мақоми «Наво» аз силсилаи «Шашмақом». «Мустазоди Наво» аз ҷиҳати бандубаст айнан мисли «Савт»-ҳо ё «Муғулча»-ҳои «Шашмақом» аст. «Мустазоди Наво» аз панҷ қисм иборат буда, мустазоди Ҳаҷрии Кӯҳистонӣ, мухаммаси Мулҳам бар ғазали Рофеъ (Талқинчаи Мустазод), ғазали Сайидо (Қашқарчаи Мустазод), соқиномаи Ҷомӣ (Соқиномаи Мустазод) ва мустазоди Ҳисорӣ (Уфари Мустазод)-ро дар бар мегирад. Аз ҷиҳати мавзӯи оҳавгӣ «Мустазоди Наво» бештар ба «Савти Наво» монандӣ дораду як навъ варианти хеле мукаммали он мебошад. Матни қисми аввали «Мустазоди Наво»-ро ҳамеша шакли шеърии мустазод ташкил медиҳад ва аз ҳамин сабаб чунин ном гирифтааст. Абдулмӯъмини Урмавй «Мустазоди наво»-ро яке аз хафтдаҳ навъи мавзун номидааст.

Адабиёт: Шашмақом, ҷилди- 3, Москва, 1957. А. Низомов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …