Маълумоти охирин

МУСТАЗОД

sherМУСТАЗОД (ар. —зиёд кардашуда), як шакли шеър аст, ки пас аз як мисраъ ё як байти он шоир як ё ду фиқраи мавзун илова мекунад. Фиқраҳо қофияи алоҳида доранд ва ё бо мисраи байти аслӣ ҳамқофия мешаванд. Масалан:

Дар хоб ҷамоли ёри худ медидам.

Дар айни сафо.

В-аз боғи висоли ӯ гуле мечидам,

Бе хори ҷафо.

Мурғи саҳари зи хоб бедорам кард,

Гӯё зи ҳасад.

Эй кош, ки бедор намегардидам.

То рӯзи ҷазо.

Мустазод дар назми форс-тоҷик дар заминай суруду рубоиёти халқӣ ва бо кӯшишҳои навҷӯёнаи шоирон тақрибан аз асри 11 ривоҷ гирифт. Мустазодҳои аввалин дар эҷодиёти Абӯсаиди Маҳнай, Масъуди Саъди Салмон, Умари Хайём, Фаридуддини Аттор ва дигар ба назар мерасанд. Мустазод аз қадим бо созу наво робитаи қавӣ дошта, эҷодкорони он мусиқии халқӣ ва классикиро некӯ медонистаанд ва ин қабил ашъор асосан барои хондану суру-дан навишта мешудаанд. Мустазод махсусан дар асрҳои 13—14 бо эҷодиёти Ҷалолуддинн Румӣ, Хисрави Деҳлавӣ, Хоҷуи Кирмонӣ, Ибни Ямин. Камоли Хуҷандӣ ва дигар аз ҷиҳати шаклу мундариҷа суфтаю амиқтар шуда, ба авҷи инкишоф расид. Дар ни давра Хисрави Деҳлавӣ, Шамси Фахрӣ ва дигар фаслҳои махсуси асарҳои адабиётшинос»и худро ба назарияи Мустазод бахшидаанд. Дар асрҳои 15— 17, ба истиснои баъзе Мустазодҳои Абдур-раҳмони Ҷомӣ, Ҳилолӣ, Сайидо, Мустазод дар адабиёти тоҷик хеле кам мушо-ҳида мешавад. Аз асрҳои 18—19 дар натиҷаи тағйироти иҷтимоию сиёсй Мустазод аз нав ҷон гирифт. Дар ин давра Мустазод бештар бо ду роҳ — пайравӣ ва ҷавобу назиранависӣ ва тазмини рубоиёти шоирони бузурги гузашта инкишоф ёфт. Дар адабиёти советии точик Мустазод оҳанги баланди иҷтимоӣ гирифт. Намунаи аввалин ва беҳтарини онро Садриддин Айнӣ эҷод кард: «Ба шарафи инқилоби Октябр», «Таронаи камбағалон», Абулқосим Лоҳутӣ («Ҳама доно шудаем», «Зиндааст Ленин»), Пайрав Сулаймонӣ («Ба муносибати инқилоби Бухоро») ва дигар анъанаи Айниро идома доданд.

С. Имромов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …