Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУСТАМЛИКАҲО ВА СИЕСАТИ МУСТАМЛИКАДОРЙ

МУСТАМЛИКАҲО ВА СИЕСАТИ МУСТАМЛИКАДОРЙ

mustamlakahoМУСТАМЛИКАҲО ВА СИЕСАТИ МУСТАМЛИКАДОРЙ,     мустамликаҳо дар замони капитализм — мамлакат ва террпторияҳое, ки асири сиёсӣ, иқтисодӣ, идеологӣ ва маданин синфхои истисморгари дигар мамлакатҳо (мотрополияҳо) мебошанд. Сиёсати мустамликадорӣ сиёсатест, ки мамлакатҳои сусттараққикарда бо ёрии чораҳои маҷбурии ҳарбию сиёсӣ ва иқтисодии мамлакатҳои муқтадири капиталистӣ бераҳмона истисмор карда

мешаванд. Мустамликаҳо чун ҳодисаи муайяни конкретию таърихӣ барои ҳамаи формасияҳои ҷамъиятию иқтисодии антагонистӣ хос аст. Мустамликаҳо шаклҳои гуногун ва ҷиҳатҳои хос дорад. Дар давраи ғуломдорӣ ба таври зӯрӣ ғулом гардондани аҳолии ин ё он территория як навъ мустамликадорист. Дар давраи феодализм мустамликадорӣ дар шакли экспедисияҳои тороҷкунанда, ки барои истилои территорияҳо ташкил мешуданд, зуҳур меёфт. Масалан, Испания ва Португалия дар қитъаи Америка сарзамин зиёдеро зери тасарруфи худ дароварда, сохти мутлақияти феодалиро барпо намуданд. Дар рафти устуворшавии тадриҷии муносиоатҳои капиталистӣ ва бартараф гардидани парокандагии хоҷагӣ просесси ташаккули миллатҳо cap мешавад. Пайдоиши капитализм дар як қатор мамлакатҳои ҷаҳон ба ташкил ёфтани дав-латҳои миллӣ сабаб шуд. Давлатҳои миллӣ дар дасти буржуазия омиле буд, ки як миллатро ба миллати дигар тобеъ менамуд. Ба қадри тараққии капитализм Мустамликаҳо вусъат меёбад. Дар натиҷа аксарияти мамлакатҳои Осиё ва Африка аз ҳуқуқи истиқлолияти миллӣ маҳрум гардида, ба мустамлика мубаддал мешаванд. Дар давраи империализм ҷаҳон дар байни як гурӯх давлатҳои буржуазӣ тақсим шуд. Бисёр мамлакату халқҳо ва қитъаҳои томи ҷаҳон ба чанголи мустамликадорон афтоданд. Империализм ба қадри инкишофи худ тамоми миллатҳои хурдро мутеъ гардонда, соҳаҳои муҳими хоҷагиро ба даст гирифт. Буржуазия мустамликаҳоро ҳамчун манбаи ило-вагии ашёи хом, бозори маҳсулоти саноатӣ истифода мебарад. Буржуазия аз мустамликаҳо сарвати фаровоне ба даст меорад, ки барои қонеъ намудани талаботи рӯзафзуни саноат ва инкишофи босуръати капитализм пешбинӣ шудааст. Мустамликадорон аз тарзи рақобати иқтисодӣ ва бедор шудани шуури синфии меҳнаткашон ба тараққиёти мӯътадили иқтисодии мустамликаҳо халал мерасонанд. Онҳо ҳукмронии феодалон ва муносибатҳои патриархалию феодалиро дар соҳаи иқтисодиёт ҳамчун такягохи иҷтимоии худ фаъолона дастгирӣ мекунанд. Идеологҳои буржуазӣ ҳама вақт сиёсати мус-тамликадориро ҳифз намуда, кӯшиш менамоянд. ки онро ба шароити ҳозира мувофиқ кунанд. Онҳо ақидаи ғайриилмии бартарии як нажодро (олӣ) нисбат ба халқҳои дигар (паст) ошкоро тарғиб мекунанд. Ҳозир идеологҳои динӣ низ дар мамлакатҳои сармоя мустамликадориро бо ҳар роҳу восита ҳақ бароварданӣ мешаванд. Идеологҳои буржуазӣ ҳоло ҳам бар зидди соҳибихтиёрии халқҳои Осиё ва Африка мебароянд. Ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр ба бӯҳрони системаи мустамликадорӣ ва таназзули сохти капиталистӣ ибтидо гузошт. Дар таърихи инсоният давраи нав — сарнагуншавии империализм, болоравии ҳаракатҳои миллию озодихоҳонаи халқҳои Шарқ ва шикастаи мустамликадорӣ cap шуд. Револютсияи Октябр аввалин бор муборизаи  пролетариатро бар зидди капитализм бо муборизаи халқҳои мазлум ; барои сарнагун кардани зулми миллию мустамликавӣ ба ҳам пайваст.

Агар мустамликаҳо соли 1917 65% территорияи ҷаҳон ва 990 миллион аҳолиро ташкил доданд, пас дар соли 1975 территорияи он ба 1,4%, аҳолиаш то 12 миллион кам шуд. Давлати Советӣ барои халқҳои  мазлуми ҷаҳон мададгор ва тарафдори маънавию сиёсӣ гардид. Масалан, ба  туфайли Револютсияи Октябр ва кӯмаки ҳаматарафаи халқи кабири рус республикаҳои Осиёи Миёна дар як I муддати кӯтоҳи таърихӣ аз ақибмонии чандинасра ба нашъунамои ҳарҷонибаи иқтисодию сиёсӣ ва маданӣ  ноил гаштанд. Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ марҳилаи нави муборизаи миллии озодихоҳонаро ба миён овард. Ҷанг бисёр мамлакатҳои мустамликавиро ба гирдоби худ кашид ва баъзеи онҳоро (мамлакатҳои Осиё, Африкаи Шимолӣ ва ғайра) ба майдони амалиёти ҷанг табдил дод. Талаботи иқтисодиёти ҳарбӣ давлатҳои империалистиро маҷбур намуд, кв бар  хилофи хоқишашон, баъзе соҳаҳои саноатро дар мустамликаи худ тараққӣ диҳанд. Ин ҳол боиси афзоиши сафҳои пролетариати маҳаллӣ, баланд шудани шуури сиёсӣ ва муташаккилии омма гардид.

Ғалабаи Иттифоқи Советӣ бар Германияи фашистӣ ва Японияи милитаристӣ ва пайдо шудани мамлакатҳои демократии халқӣ барои  тартиби нави мавқеи қувваҳо дар арсаи байналхалқӣ, инкишофи ҳаракатҳои миллию озодихоҳӣ шароити мусоид фароҳам овард. Ассамблеяи Генералии Ташкилоти Давлатҳои  Муттадида (ТДМ) соли 1960 бо ташаббуеси Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР Декларасияи ба мамлакатҳо ва халқҳои мустамликавӣ додани истиқлолиятро қабул кард. Дар қарори Комитети Марказии Пратияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС аз 31 январи 1977 «Дар бораи 60-солагии Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр» таъкид шудааст, ки «Дар зери фишори пурзӯри ҳаракати миллӣ— озодихоҳӣ системаи мустамликадории империализм харобу вайрон шуд. Даҳҳо давлати нави мустақил ба вучуд омаданд. Роли онхо дар тараққиёти ҷаҳон меафаояд». Дар нимаи дуюми солҳои 70 ва аввали 80-ум халқҳои Ангола, Мозамбик, Ҷазираҳои Димоғаи Сабз, Зимбабве ва бисёр мамлакатҳои дигар дар муборизаи шадид истиқлолияти миллӣ ба даст оварданд. Аммо дар ин қитъа муҳорибаҳои шадид ҳоло ҳам давом доранд. Дар Африкаи Ҷанубӣ, Намибия ва ғайра қувваҳои нажодпараст ва иртиҷони империалистӣ

сохти мустамликавиро нигох дошта истодаанд. Болоравии муборизаа халқҳои Африка барои истиқлолияти иҷтимоию миллӣ далели он аст, ки мустамликадорӣ рӯзҳои охирини худро аз cap гузаронда истодааст. Бо вуҷуди он аксарияти мамлакатҳое, ки истиқлолияти сиёсию миллӣ ба даст оварданд, то ҳол аз мутеии иқтисодию хоҷагии капиталистӣ комилан халос нашудаанд. Давлатҳои империалистӣ дар байни халҳдо оташи низоъу адовати миллӣ ва қабилавӣ афрухта, ягонагии ҳаракатҳои миллию озодихоҳӣ ва коргарии ҷаҳониро барҳам доданӣ мешаванд.

Моҳияти сиёсати мустамликадории ҳозира антикоммунизм мебошад. «Дар он идеологиям империалистӣ бо идеологияи унсурони феодалӣ, империализмпараст ва гурӯҳҳои реаксионии буржуазияи мамлакатҳое, ки аз юғи мустамликавӣ озод шудаанд, бо ҳам пайваст мешаванд» (Программаи Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС, Душанбе, 1979, саҳифаи 53). Таҷрибаи таърих нишон медиҳад, ки халқҳои мазлум истиклолияти сиёсию иҷтимоӣ ва миллию маданиро танҳо ба воситаи муборизаи ошкорои оштинопазир ба даст оварда метавонанд, зеро мустамликадорон мавқеъҳои худро ҳеҷ гоҳ ихтиёран аз даст намедиҳанд. Роҳҳои мубориза гуногунанд, аммо моҳияти онҳо як, яъне нест карданн зулми мустамликадорӣ, таъмини ис-тиқлолияти иҷтимоию миллии халқҳои мазлум ва ғайра мебошад.

Сиёсати мустамликадории ҳозира бӯҳрони чуқури иқтисодию сиёсиро аз cap мегузаронанд. Танҳо дар солҳои 50—70 зиёда аз 50 мамлакати Осиё, Африка ва Америкаи Лотинӣ юғи мустамликавиро пора намуда, муборизаро дар роҳи тамоман барҳам доданӣ Мустамликаҳо пурзӯр намуданд. Инқирози системаи мустамликадории империализм боиси якбора барҳам хӯрдани мустамликадорӣ намегардад. Дар аксар мамлакатҳои озодшуда империалистон мавқеҳои калони иқтисодиро дар дасти худ нигоҳ медоранд. Онҳо «… аз ҳамаи воситаҳо (ҷангҳои мустамликавӣ, блокҳои ҳарбӣ, забоняккуниҳо, террор, амалиёти вайронкорӣ, фишори иқтисодӣ, бо роҳи ришва харидагирӣ) истифода мекунанд, ки мамлакатҳои озодшударо дар зери ҳукумронии худ нигоҳ доранд, истиқлолияти ба дастовардаи онҳоро ба як чизи рӯякӣ табдил диҳанд ё ин мамлакатҳоро аз истиқлолият маҳрум созанд» (Программаи Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС, Душанбе, 1979, саҳифаи 45). Такягоҳи асосии мустамликадории ҳозира империализми Штатҳои Муттаҳидаи Америка мебошад. Давлатҳои калони капиталистӣ, аз қабили Британияи Кабир, Франсия, Испания, Португалия сиёсати мустамликавиро дастгирӣ мекунанд. Мустамликадорӣ худ ҷузъи сиёсати империалистист. Щиори иртиҷоии «чудо куну ҳукм ки мамлакатҳои мутараққии империалистӣ тарғиб менамоянд, тасдиқи ин фикр аст.

Дар солдои охир дар ҳаёти мамлакатҳое, ки аз зулми мустамликавӣ озод гаштаанд, дигаргуниҳои ҷиддӣ ба вуҷуд омаданд. Аз ин ҷост, ки «мустаҳкам шудани истиқлолияти мамлакатҳои озодшуда ба империалистон намефорад. Онҳо ин мамлакатҳоро бо ҳазор ҳилаю найранг тобеи худ гардонданӣ мешаванд, то ки сарватҳои табии онҳоро озодтар ихтиёрдорӣ кунанд, территорияҳои онҳоро ба мақсадҳои стратегии худ истифода баранд»     (Материалҳои съезди 26 Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС, Душанбе, 1981, саҳифаи 15).

Ад.: Маркс Карл и Энгельс Фридрих. Немецкая идеология, Сочинение, том. 3; Л е н и н Владимир Илич, Револютсияи сотсиалистӣ ва ҳуқуқи худмуайянкунии миллатҳо, Асарҳо, чилди-22; х а м о н м у а л л и ф, Дар бораи ҳуқуқи худмуайянкунии миллатҳо, Асарҳо, ҷилди 20; хамон муаллиф, Тезисҳо оид ба масъалаи миллӣ, Асарҳо., ҷилди 19; хамон муаллиф, Мусаввадаи аввалаи тезисҳо оид ба масъалаҳои миллӣ ва мустамлинавӣ, Асарҳо, ҷилди 31; Программаи Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС. Душанбе 1970; Материалхои съезди XXVI Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС, Душанбе, 1981; Модржинская Е. Д, Распад колониальной системы и идеология импефиализма, Москва. 1966.         Н. Салимов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …