Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУСТАЛЕҲОТ-УШ-ШУАРО

МУСТАЛЕҲОТ-УШ-ШУАРО

mustalehot«МУСТАЛЕҲОТ-УШ-ШУАРО» фарҳанги фразеологии форсӣ-тоҷикӣ. Соли 1767 аз тарафи Ворастаи Сиёлкутӣ таълиф шудааст. Бо номи «Мусталеҳоти В о р а с т а» низ машҳур аст. Дар фарҳанг калимаву ибораҳои душворфаҳм, идиомаҳо (ибораҳои маҷозӣ) ва ғайра шарҳ ёфтаанд, ки муаллиф онхоро аз девонҳои шоирони гуногун дарёфта, шарҳу тафсирашонро аз фар-ҳангҳои мавҷуда пайдо накардааст. Як хусусияти «Мусталеҳот» он аст, ки кали-маи серистеъмолу сермаъное ба асос гирифта шуда, тобишҳои маъноии он дар таркиби ибораву таъбироти маҷозӣ ва ба ин васила дар шеъри тоҷикӣ қайд гардидааст. Macалан, ибораҳои зиёде бо калимаи «об» аз қабили «обу гил», «оби тинат», «оби дандоншикан», «оби равшан» ва ғайра оварда шудаанд. Ҳар як воҳиди фразеологӣ дар фарҳанг аз рӯи тартиби алифбои хуруфи калимаҳои решагӣ ҷой гирифтааст. Вораста дар таснифи «Мусталеҳот» 14 фарҳанги луғатсозони пешгузаштаро истифода бурдааст.

А. Раҳмонов

 

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …