Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУСТАФИН Габидеи

МУСТАФИН Габидеи

mustafin-gabidenМУСТАФИН Габидеи (таваллуд 26. 11. 1902, уезди Оқмулло, ҳозира райони Телмани вилояти Қарағанда), нависандаи советӣ ва ҳодими ҷамъиятии қазоқ., аъзо-корреспондент Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Қазоқистон (1958). Аз оилаи кӯчманчӣ. Аъзои Пратияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС аз соли 1940. Дар конҳои ангишти Карағанда кор кардааст. Асарҳояш аз соли 1927 чоп мешаванд. Аввалин маҷмғаи ҳикояҳояш «Ер Шойин» соли 1929 нашр гардидааст. Романи «Ҳаёт ё мамот» (1941) аз нахустин асарҳои насри қазоқ доир ба ҳаёти синфи коргар аст. Романи «Шиганак» (1945) аз зиндагӣ ва корубори деҳқони арзанкор Шиганак Берсиев ҳикоят мекунад. Қаҳрамонони романи «Қарағанда» (1952; Мукофоти давлатии Республикаи Советии Сотсиалистии Қазоқистон ба номи Абай Қуваабоев, 1953) ангиштканони Карағанда мебошанд. Дар романи «Пас аз туфон» (1959) навсозиҳои сотсиалистӣ дар овули қазоқ тасвир шудаанд. Соли 1963 қисми 1 романи тарҷумаиҳолии Мустафин «Шоҳиди ҳол» аз чоп баромад. Асарҳои Мустафин ба бисёр забонҳои ҷаҳон тарҷума шудаанд. Солҳои 1953— 56 раиси Правленияи ИН Қазоқистон, 1962—64 котиби якуми Правленияи ИН Қазоқистон буд. Депутати Совети Олии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР (даъвати 6). Бо 2 ордени Ленин, ва дигар ордену медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …