Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУССОНҲО

МУССОНҲО

moussonМУССОНҲО (франсавӣ mousson, аз арабӣ ). бодҳои мавсимӣ, ҷараёнҳои ҳавоанд, ки дар сатҳи замин ва дар қисми поёни тропосфера доимо ба як сӯ вазида, фақат бо иваз шудани фасли сол муқобили самт мевазанд. Сабаби асосии пайдоиши Муссонҳо ба андозаи калон аз ҳам фарқ кардани дараҷаи ҳарорати ҳавои болои хушкӣ ва болои уқёнус ва тағйир ёфтани фишор мебошад. Тобистон Муссонҳо аз уқёнус ба хушкӣ вазида, ҳавои серабру боришнок ва зимистон аз хушкӣ ба уқёнус вазида, ҳавои софи беборишро ба вуҷуд меорад. Бодҳои мавсимӣ зиёдтар дар арзҳои тропикӣ ва субэкваторӣ (нимҷазираи Ҳиндустон, Ҳиндухитой, қисман Африка ва Австралияи Шимолӣ); дар арзҳои миёна (қисми шимоли шарқии хитой, Япония, Корея ва ғайра) ва нисбатан камтар дар Америка ва акваторияҳои марказии уқёнусҳои Орому Атлантик мевазанд. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР бодҳои мавсимӣ дар соҳилҳои баҳри Япон нисбатан камтар дар соҳилҳои Кавкази назди баҳри Сиёҳ, баҳри Каспий ва уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ мевазанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …