Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУССОЛИНИ (Mussolini) Бенито

МУССОЛИНИ (Mussolini) Бенито

benito_mussoliniМУССОЛИНИ (Mussolini) Бенито, (29. 7. 1883, Форли — 28. 4. 1945, наз-дикии Донго), сардори партияи фашистӣ ва ҳукумати фашистии Италия (1922—43), ҳукумати лӯхтакмонавди ба ном республикаи Сало (1943—45). Фаъолияти сиёсии худро дар сафи ҳаракати сотсиалистӣ оғоз намуд. Марти 1919 аз ҷумлаи собиқ иштирокчиёни Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ташкилоти фашистӣ таъсис намуд. Октябри 1922 бо ёрии капитали монополистӣ, мутлақият ва Ватикан табаддулоти давлатӣ ба амал овард. Аз соли 1926 ба барҳам задани озодиҳои конститутсионӣ ва пойдор кардани диктатураи фашистӣ шурӯъ намуд. Иқтисодиёти мамлакатро ҳарбӣ кунонида, роҳи истилогариро пеш гирифт (соли 1936 Эфиопия, 1939 Албанияро забт кард). Баъди дар Германия барқарор карда шудани диктатураи фашистӣ (1933) бо он иттифоқи сиёсию ҳарбӣ баста, соли 1940 Италияро ба Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ кашид. Дар солҳои ҷанг дар муборизаи зидди Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР ва мамлакатҳои дигари иттиҳоди зиддифашистӣ иттифоқчии Гитлер буд. 25 июли 1943 дар натиҷаи шикасти қӯшунҳои фашистии Италияю Германия ва авҷ гирифтани ҳаракати зиддифашистӣ диктатураи Муссолини сарнагун шуд. Дар охирҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ партизанҳо дар наздикии сарҳади Италияю Швейсария Муссолиниро дастгир намуданд ва бо қарори трибунали ҳарбии Комитети миллии озодкунии Италияи Шимолӣ қатл шуд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …