Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУСОВОТ

МУСОВОТ

musavat«МУСОВОТ» (арабӣ— баробарӣ), партияи буржуазию миллатчигии аксулинқилобии Озарбойҷон. Соли 1911 дар Боку таҳти унвони «Партияи демократии мусулмонии «Мусовот* бо роҳбарии М. Расулзода, Г. Шарифзода, А. Козимзода ба вуҷуд омад. Программам «Мусовот» дар паноҳи Туркия ташкил кардани давлати ягонаи мусулмон буд. Аммо дар давраи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914—18) роҳбарони «Мусовот» мусулмононро даъват карданд, ки «то ғалаба» ҷанг кунанд. «Мусовот» пас аз ғалабаи Револютсияи буржуазӣ-демократии феврали 1917 автономиям миллию территориявӣ талаб накарда, ба тарафдории «Республикаи демократии Россия» баромад. Июни 1917 якҷоя бо «Партияи федералистони турк» «Партияи демократии федералистон-мусовотчиёни турк» номида шуд. Ин ном 8 ноябри 1917 дар Съезди 1-уми «Мусовот» тасдиқ шуд. Съезд программам партияи федералистонро (бо баъзе тағйирот) қабул кард, ки мувофиқи он сохти давлати ояндаи Россия «дар шакли республикаи демократию федеративии дар асосҳои автономияи миллию территориявӣ» тасаввур карда мешуд. «Мусовот» дар байни озарбой-ҷониҳо миллатчигӣ, сулҳи синфӣ ва кинаю адовати миллй тарғиб намуда, онҳоро аз муборизаи револютсионӣ бозмедошт. Ҳайати иҷтимоии «Мусовот» аз буржуазия ва помещикон, буржуазияи майда, зиёиёни миллатчӣ ва табақаи ақибмондаи деҳқонони фирефташуда иборат буд. «Мусовот» дар солҳои Ҷанги гражданӣ (1918—20) яке аз қувваҳои асосии аксулинқилобии Озарбойҷон буд. 13 ноябри 1917 баъди ташкил ёфтани Ҳокимияти Советӣ дар Боку мусовотчиён 18 марти 1918 исён бардоштанд, аммо исёни онҳо торумор гардид. Мусовотчиён дар аввали май 1918 дар Тбилиси ҳукумати худро ташкил ва 27 май 1918 истиқлолияти Озарбойҷонро эълон карданд. Июни 1918 хукумат ба Ганҷа кӯчид ва бо ёрии интервентҳои англис муборизаро бар зидди Ҳокимия-ти Советӣ дар Озарбойҷон давом дод. Баъди муваққатан сарнагун кардани Ҳокимияти Советӣ дар Боку (15 сентябр1918) ва англисхоро рондани қӯшунҳои турк ҳокимият дар Озарбойҷон расман ба дасти мусовотчиён гузашт, вале дар амал диктатураи Харбии турк барпо шуда буд. Баъди ба Антанта таслим шудани Туркия қӯшунхои турк Бокуро тарк карданд. 17 ноябр ба шаҳр боз интернвентҳои англис дохил шуданд. Мусовотчиён ба интервентҳои англис такя карда, тадбирҳои сотсиалистии Коммунаи Бокуро (1918) барҳам дода, террор ҷорӣ карданд ва ба интервентҳо дар ғорат кардани нефт ва дигар сарватҳои мамлакат ёрӣ расониданд. Августи 1919 интервентҳои англис маҷбур шуданд, ки Озарбойҷонро тарк намоянд. Дар натиҷаи ҷидду ҷаҳди якҷояи коргарону деҳқонони Озарбойҷон ва Армияи Сурх ҳукумати аксулинқилобии мусовотчиён сарнагун гардид (апрел 1920). Баъди барпо шудани Ҳокимияти Советӣ дар Озарбойҷон «Мусовот» барҳам хӯрд. Бисёр мусовотчиён ба хориҷа

ҳиҷрат карданд ва қисми аз онҳо дар он ҷо ҳам фаъолияти зиддисоветии худро давом доданд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …