Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Мӯсоев Муллопӯлод

Мӯсоев Муллопӯлод

Мӯсоев Муллопӯлод (1875, деҳаи Қистакӯзи Хуҷанд —12. 07. 1963 — Ҳамон ҷо), табиби халкқӣ. Падари профессор А. М. Пӯлодов, бо номи Муллопӯлоди табиб ва «табиби қистакӯзӣ» машҳур буд. Мӯсоев баъди хатми мадрасаи Қиста- кӯз илми тиб ва таҷрибаи табибиро дар шаҳри Қӯқанд аз бобояш Муллоисо ва Ибни Ямин (падари Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ) омӯхтааст. Мӯсоев дар хонааш асбобу дастгоҳҳои дорусозӣ дошт, хосияти шифобахшии бисёр растаниҳоро нағз медонист ва онҳоро ҷамъ карда аз рӯӣ дастуруламалҳои маъмули онвақта, ба монанди «Ал-Қонун»-и Ибни Сино, «Қаробо- дин» ва ғайра. доруҳои гуногун тайёр мекард. Масалан, ба таркиби доруи «ҳафтдаҳ ашё» (чордору) ба ғайр аз гиёҳҳо боз танакор, зок, купороси мис, устухонаи харчанги обӣ ва ғайра низ дохил мешуд. Бо ин дору ӯ дарди гулӯ, ангина, дифтерия, скарла­тина барин бемориҳоро бомуваффақият табобат мекард. Мӯсоев усулҳои эътимодбахши табобати бисёр беморонро истифода менамуд. Масалан, ҷароҳатҳои римнок (пучак, ҳафтпӯст, хасмол ва ғайра)-ро аввал бо марҳам пазонда, сипас нештар зада фасодашро мебаровард. Ба ин усул ҷароҳат тез сиҳат мешуд ва доғи захм боқӣ намемонд. Бемории «Реши пашша» (пашшахӯрда)-ро бо марҳами «Анзурут» бе доғ муолиҷа мекард. Барои табобати дарди асаби сурин, ки бо номи «дарди куян» маълум буд, ӯ аз миён то буҷулаки пои беморро чилбуртоб мекард. Ин усул асоси илмӣ дорад, чунки дар вақти чилбуртоб кардани бадан як қисми ҳуҷайраҳо нобуд шуда, миқдори гис­тамин зиёд мешавад ва боиси тез шудани ҳаракати хуну мубодилаи модда мегардад, ки дар натиҷа иллат тезтар шифо меёбад. Мӯсоев хулосаҳои назарии илми тибби онвақтаро дар амалия васеъ истифода мебурд.

Мӯсоев мероси илмӣ боқи нагузошта аст, вале чун табиби халқ дар байни мардум обрую эътибори зиёде дошт.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …