Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Мусоев Шоҳ

Мусоев Шоҳ

Мусоев Шоҳ (тав. 17. 06. 1940, деҳаи Тихорои ҳозира pайони Ленингради вилояти Кӯлоб), пахтакор, Устоди пахтаи РСС Тоҷикистон (1979).   Аъзои КПСС аз соли 1966. Солҳои 1960—1962, 1965—1973 ҳисобчии бригада, 1963—1964 оброн ва аз соли 1974 сардори бригадан пахтакории колхози ба номи В. И. Ле­пи ни pайони Восеъ. Мусоев дар инкишофи соҳаи пахтакории район саҳми арзандае дорад. Бригадаи ӯ ҳар соле ҳосили фаровони пахта (48—50 с) ба даст меорад. Лауреа­та Мукофоти давлатии ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ (1979). Бо Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …