Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУСОДИРАИ МОЛУ МУЛК

МУСОДИРАИ МОЛУ МУЛК

musodiraМУСОДИРАИ МОЛУ МУЛК маҷбуран ва бепул ба моликияти давлатӣ гузаронидани қисм ё тамоми молу мулки шахси маҳкумшуда. Мусодираи молу мулк дар ҳуқуқи ҷиноятй ҷазои иловагии шахси маҳкумшуда барои ҷиноятҳои давлатӣ ва гаразноке мебошад, ки дар қонун махсус нишон дода шудааст. Суд ҳуқуқи мусодира кардани тамоми молу мулк ё як  онро дорад. Ҳангоми татби-қи Мусодираи молу мулк суд дараҷаи барои ҷамъият хавфнок будани маҳкумро ба назар мегирад. Мусодира танҳо ба молу мулки шахси маҳкум дахл дорад, яъне агар ҷинояткор соҳиби моликияти умумӣ ё аъзои хонаводаи колхозӣ бошад, фақат ҳиссаи ӯ мусодира шуда, ашёе, ки барои ҳаёти маҳкумшуда ва аъзоёни оилаи вай заруранд, мусодира намегардад. Пул ва чизҳои қимматбаҳое, ки бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудаанд, мусодира карда мешаванд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …