Главная / Гуногун / МУСОБИҚАИ СОЦИАЛИСТӢ

МУСОБИҚАИ СОЦИАЛИСТӢ

musobikai-sotsialistiМУСОБИҚАИ СОЦИАЛИСТӢ, ташаббуси эҷодии меҳнаткашони дав-латҳои сотсиалистӣ, ки дар муборизаи бошуурона ва фаъоли коргарону коллективҳо барои дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба натиҷаҳои беҳтарин ноил шудан зоҳир мегардад; яке аз усулҳои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, иштироки меҳнаткашон дар идораи истеҳсолот, тарбияи муносибати коммунистӣ ба меҳнат, қонуни объективии тарзи истеҳсолоти сотсиалистӣ. Мусобиқаи сотсиалистӣ интизом ва коллективизми сотсиалистиро мустаҳкам намуда, барои боз ҳам беҳтар ҷорӣ кардани натиҷаҳои револютсияи илмию техникӣ кӯмак мерасонад. Сабаби асосии инкишофи Мусобиқаи сотсиалистӣ дуруст ба роҳ мондани ҳавасмандонии моддию маданӣ мебошад. Мусобиқаи сотсиалистӣ бо моҳияти худ аз рақобати мамлакатҳои капиталистӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Принсипҳои асосии Мусобиқаи сотсиалистӣ  аз тарафи Вадимир Илич Ленин кор карда шудааст: оммавият, муқоисашавандагии натиҷаҳо, имконияти такрори таҷрибаи амалӣ, мусобиқаи рафиқона ва ёрии тарафайн. Дараҷаю шаклҳои Мусобиқаи сотсиалистӣро вазифаҳои сохтмони сотсиалистӣ ва коммунистӣ, ки объективона пухта расидаанд, муайян ме-кунанд. Шанбегиҳои коммунистӣ (1919) яке аз шаклҳои аввалини Мусобиқаи сотсиалистӣ  мебошанд. Дар давраи индустронӣ шакли асосии Мусобиқаи сотсиалистӣ бригадаҳои зарбдор буданд (нигаред Зарбдорӣ). Соли 1929 барои инкишофи оммавии Мусобиқаи сотсиалистӣ  шароит фароҳам омад. 20. 1. 1929 газетаи «Правда» мақолаи Ленин «Как организовать соревнование»-ро нашр

кард (24-27. 12. 1917), 0-9. 1. 1918 (навишта шудааст) аз тарафи меҳнаткашон ҳамчун даъвати партия ба Мусобиқаи сотсиалистии оммавӣ қабул карда шуд. Ташаббускори Мусобиқаи сотсиалистӣ  дар миқёси умумииттифоқӣ коллективӣ заводи «Красный выборжец*-и Ленинград (5. 3. 1929) буд. Муроҷиатномаи Конференсияи умумииттифоқии 16-уми ВКП (б) «Ба ҳамаи коргарон ва деҳқонони меҳнаткаши Иттифоқи Советӣ», қарори Комитети Марказии ВКП(б) аз 9. 5.1929   «Дар бopaи мусобиқаи сотсиалистии фабрика ва заводҳои роҳи инкишофи Мусобиқаи сотсиалистиро ҳамчун усули кори доимӣ, ки асоси онро иштироки оммаи васеи меҳнаткашон ташкил медиҳад, муайян кард. Моҳи май соли 1930 дар заводи мошинсозии Ростов шаклҳои нави Мусобиқаи сотсиалистӣ, яъне бригадаи ҳамакораи зарбдор, ки коргарони якчанд сехҳоро дар бар мегирад, дар кони ба номи Артёма Донбасс — ёрии ҷамъиятӣ, яъне ёрии коллективона ба қафомондагон; моҳи июни 1930 дар заводи ба номи Карл Маркс шаҳри Ленинград бо баҳисобгирии захираҳои истеҳсолй плани молиявию саноатии истиқболӣ тартиб дода шуд, тобистони соли 1932 ҳаракати изотовӣ оғоз ёфт (бо ташаббуси Н. А. Изотов). Соли 1935 ҳаракати стахановӣ (бо ташаббуси А. Г. Стаханов) — ҳаракати оммавии навоварони истеҳсолоти сотсиалистӣ ба вучуд омад. Стахановчиён техникаи навро омӯхта, бо роҳи расионализасияи просессҳои истеҳсолот ба боз ҳам баланд шудани ҳосилнокии мехнат муваффақ мегаштанд.

Дар солхои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) шаклҳои нави Мусобиқаи сотсиалистӣ  ба вуҷуд омад, ки мақсади он бо шумораи нави коргарон маҳсулоти зиёд истеҳсол кардан (ҳаракати дусад-нафариён, ҳазориён, бисёрдастгоҳчиён, серҳунарон, бригадаҳои комсомолону ҷавонон ва бригадаҳои фронтӣ) ва беҳтар истифода бурдани усулҳои суръатноки истеҳсолоту сохтмон буд. Бо роҳбарии Комитети Марказӣ ВКП(б) ва Комитети Давлатии Мудофиа моҳи май—июни 1942 Мусобиқаи сотсиалистии умумииттифоқии коргарони саноат, нақлиёт, сохтмон, хоҷагии қишлоқ, савдо ва дигар соҳаҳо барои ба фронт бештар кӯмак расонидан cap шуд. Дар солҳои аввали баъдиҷангӣ Мусобиқаи сотсиалистӣ  ба иҷрои қарорҳои давлатии азнавбарқароркунӣ ва минбаъд баланд бардоштани хоҷагии халқ, беҳтар намудани сифати маҳсулот ва нишондиҳандаҳои баланди кор равона шуда буд.

Октябри 1958 коллективи депон Москва-Сортировочная барои соҳиб шудан ба унвони бригадаи меҳнати коммунистӣ мусобиқа ташкил кард, ки онро тамоми мамлакат тарафдорӣ намуд. Моҳияти ин ҳаракат аз баланд бардоштани мавқеи Мусобиқаи сотсиалистӣ  дар тарбияи коммунистии меҳнаткашон иборат аст. Бо ташаббуси бригадири комбинати бофандагии Вишневолоск В. И. Гаганова ҳаракат барои гузаштани коргарони пешқадам ба бригадаю участкаҳои қафомонда бо мақсади ҷорӣ намудани усулҳои псшқадам, ташкили ҳеднат ва ноил гаштан ба нишондидаҳандаҳои баланд cap шуд. Дар Республикаҳои Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, Мусобиқаи сотсиалистӣ  соли 1935 авҷ гирифт. Плани давлатии тайёр кардани маҳсулоти хоҷагии қишлоқро иҷро намуда республика дар Мусобиқаи сотсиалистии умумииттифоқӣ ҷои якумро ишғол кард. Бисёрии иштирокчиёни Мусобиқаи сотсиалистӣ  ташаббускорону саркунандагони ҳаракати стахановӣ шуда, дар соҳаи пахта кори рекордҳои аввалин гузоштанд ва сазовори мукофотҳо гарди-данд. X. Абилова, Д. Холматов, П. Бобокалонов ва дигар, иичунин пионерка — зарбдори меҳнат Мамлакат Наҳангова сазовори ордени Ленин шуданд.

Соли 1939 синфн коргари Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон бо рӯҳбаландии калон ташаббуси коллективи заводи «Красный пролетарий*-ро дар бораи пеш аз мӯҳлат иҷро намудани плани панҷсолаи 3-ум дастгирӣ кард. Москвагиҳоро аввалин шуда дар республика коргарону хизматчиёни ГЭС-и Варзоб, ки дар навбати худ коргарони саноати республикаро барои ба Мусобиқаи сотсиалистӣ  ҳамроҳ шудан даъват мекарданд, тарафдорӣ намуданд. Кончиёни Шуроб, нефтчиёни Исфара, бофандагони Душанбею Ленинобод, консервчиёни Конибодом, коргарони бисёр заводҳои пахтатозакунӣ планҳои истеҳсолиро доимо 1,5—2 маротиба барзиёд иҷро мекарданд. Дар таҳти роҳбарии ташкилотҳои партиявӣ дар корхонаҳои Респубрмкаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳаракати бисёрдастгоҳчиён авҷ гирифта, бисёрҳунарӣ васеъ паҳн гардид. Дар охири соли 1939 дар саноати сабуки республика пешқадамон, навоварони истеҳсолот қисми зиёди шумораи умумии коргаронро ташкил медод. Солҳои 1939—41 дар рафти сохтмони Канали Калони Фарғона даҳҳо ҳазор колхозчиён, ирри-гаторон, мутахассисони хоҷагии қишлоқ, комсомолону ҷавонон шакли муносибати сотсиалистиро ба меҳнат нишон доданд. Дар корҳои заминии участкҳои Ленинобод нишондиҳандаҳои баланд ба даст оварда шуданд, ки дар он ҷо бригадаҳои И. Раҷабов, Д. Холматов, А. Ғоибов нормаҳоро 355— 670% иҷро мекарданд. Мусобиқаи сотсиалистӣ   дар Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон хусусан дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ васеъ паҳн гашт.

Якумин шуда дар Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ташаббуси ҳаракати дусаднафариёнро бригадаи фабрикаи шоҳибофии Душанбе бо роҳбарии Аҳмадов тарафдорӣ намуданд. Ҳаракати бисёрдастгоҳчиён афзуд. Бисёр коргарзанони фабрикаи ресомонресии комбинати шоҳибофии Ленинобод ба ҷои 72 хук 96 хукро идора мекарданд. Дар сехи ресмонпечонӣ бисёр пешқадамони истеҳсолот ба ҷои чор ба идора кардани шаш дег гузаштанд ва ғайра. Дар охири солҳои 50 шакли нави Мусобиқаи сотсиалистӣ — ҳаракат барои муносибати коммунистӣ ба меҳнат пайдо шуд. Дар корхонаҳо шаклҳои иштироки фаъоли коргарон, дар такмили истеҳсолот ит иттиҳодиҳои эҷодии меҳнаткашон (бюроҳои ҷамъиятии конструкторӣ, технологӣ, таҳлили иқтисодӣ, ахбори техникӣ, ташкили меҳнат ва ғайра) ба вуҷуд омаданд. Дар солҳои 60 дар республика ҳаракат барои муносибати коммунистӣ ба меҳнат авҷ гирифт. Сентябри 1965 дар республика 405 фабрикаю завод, 95 мушовараи истеҳсолии сехии доими амалкунанда ва 73 бюрои конструкторию технологӣ мавҷуд буданд. Мусобиқаи сотсиалистӣ   ба муносибати 50-солагии Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон, 100-солагии рӯзи таваллуди Владимир  Илич Ленин, 50-солагии барпо кардани Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР ва боз ба муносибати 60-солагии Револютсияи Октябр вусъат ёфт. Дар давраи ҷамъияти сотсиалис-тии мутараққӣ барои инкишофи ҳаматарафа ва рӯзафзуни Мусобиқаи сотсиалистии омма ҳамаи шароитҳо фароҳам аст. Таҷассуми инро дар мунтазам афзудани шумораи мусобиқакунандагон, мақсаднокии мусобиқа, инкишофи ҳаракат барои муносибати коммунистӣ ба меҳнат мебинем. Соли 1977 дар миқёси Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР дар Мусобиқаи сотсиалистӣ  бештар аз 97,5 миллион нафар одамон иштирок доштанд. Шумораи иштироккунандагони ҳаракат барои муносибати коммунистӣ ба меҳнат ба 57,8 миллион нафар расид. Соли 1977 дар Мусобиқаи сотсиалистӣ   дар Тоҷикистон бештар аз 652 ҳазор нафар (зиёда аз 91%-и коргарону хизматчиён) иштирок доштанд. Бештар аз 232 ҳазор кас дар ҳаракати муносибати коммунистӣ ба меҳнат иштирок дошт. Ба 75 корхонаю муассиса, 4547 бригада, сех, участка, ферма номи баланди коллективи меҳнати коммунистӣ дода шудааст. Зиёда аз 79 ҳазор нафар пешқадамон сазовори ун-вони фахрии «Зарбдори меҳнати коммунистӣ» беҳтарин истеҳсолотчиён ба унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ мушарраф гардид, зиёда аз 7 ҳазор нафар бо ордену медалҳои Иттифоқи Советӣ мукофотонида шудаанд.

Адабиёт: Левая В. И., Ташаббуси бузург, Сталинобод, 1954; ҳамон муаллиф., Мусаввадаи аввалин мақолаи «Вазифаҳои навбатии Ҳокимияти Советӣ. Асарҳои, ҷилди 27; хамон м у а л лиф, Вазифаҳои навбатии Ҳокимияти Советӣ, Асарҳо, ҷилди 27; Владимир Илич Ленин, КПСС о социалистическом соревновании, Москва, 1973; Раджабов C.А. Шукуров М , Профсоюзы Со-

ветского Таджикистана (Исторический очерк), Москва, 1964; О развертывании всесоюзного социалистического соревнования работников промышленности, строительства в транспорта за досрочное выполнение народнохозяйственного плана за 1973 год (в ЦК КПСС, Совете Министров СССР, ВЦСПС и ЦК ВЛКСМ). 1973, № 1.       М. Ёқубов.

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

payvand

МУҒҶАПАЙВАНД

МУҒҶАПАЙВАНД, як навъи пайванд; ба ниҳоли хасак муғҷаи навъи беҳтарини дарахти меваро пайванд мекунанд. Нигаред …