Маълумоти охирин
Главная / Варзиш / МУСОБИҚА

МУСОБИҚА

musobikaМУСОБИҚА, мусобақа (арабӣ— пешӣ гирифтан, бартарӣ ҷустан бар якдигар) дар спорт, тадбироте, ки бо мақсади муайян кардани спортсменҳо ва командаҳои пурқувваттарин, комёбиҳои олии спорт, такмили маҳорати спортӣ ва пропагандаи физкултура ва спорт ба амал бароварда мешаванд. Имконият фароҳам меоваранд, ки ба фаъолияти ташкилотҳои спортӣ, тренерон, спортсменҳо, довардҳо объективона баҳо дода шавад; Мусобиқаи байналхалқӣ воситаи муҳими тадкими дӯстӣ ва ҳамфикрии байни спортсменҳои мамлакатҳои мухталиф мебошад. Аз рӯи мавқеи географӣ Мусобиқа уму-миҷаҳонӣ (бозиҳои олимпӣ, универсиада, чемпионатҳои ҷаҳонӣ, кубокҳо, олимпиадаҳои шоҳмот ва ғайра), регионалӣ (чемпионатҳои континентӣ, кубокҳо, бозиҳо), миллӣ (мамлакатҳои алоҳида) ва ғайра мешавад. Мувофиқи мундариҷаи программа Мусобиқа комплексӣ (бозиҳои олимпӣ, универсиада, спартакиадаҳо) ва тахассусӣ (аз рӯи навъҳои алоҳидаи спорт); вобаста ба вазифаҳо ва шароити муайян намудани ғолибон — шахсӣ (комёбии иштирок-чии ҷудогона ба ҳисоб гирифга мешавад), командавӣ (танҳо командаҳо) ва шахсию командавӣ; аз рӯи гузаронидан — расмӣ (барои унвони чемпион, дорандаи кубок ва ғайра), к л а с с и ф и к а с и онӣ (барои таъини ихтисоси иш-тироккунандагон) ва рафиқона мешаванд

Се системаи асосии гузаронидани Мусобиқа мавҷуд аст: д а в р а в ӣ (ҳамаи иштирокчиён байни ҳам як бор ё якчанд бор вомехӯранд, барои ғалаба холҳо дода мешававд), кубоки (бохтагон аз қатор мебароянд) о м е х т а (присипҳои системаҳои давравӣ ва кубокиро муттаҳид мекунад). Мусобиқа барои мардон ва занон (ба истиснои спорти аспдавонӣ, як қатор навъҳои техникии спорт ва ғайра); калонсолон, ҷавонон ва наврасову бачагон алоҳида-алоҳида гузаронида мешаванд. Аз рӯи баъзе навъҳои спорт (теннис, тенниси рӯи миз) мусобиқаи якҷояи писарон ва духтарон баргузор мегардад. Аз рӯи рақси болои ях спортсменҳо якка ва ҷуфт-ҷуфт ҳунарнамоӣ мекунанд. Ба раф-ти Мусобиқа, риояи қоидаҳои он, таъини натиҷаҳои вохӯриҳо ва ғайра доварони спорт (нигаред Довар) назорат мебаранд.

Инчунин кобед

futbol

ФУТБОЛ

ФУТБОЛ (англисӣ fоо1bаll, аз fооt— пой ва bаll — тӯб), як навъи спортро гӯянд, ки …