Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУСО

МУСО

moiseiМУСО (ба яҳудии қадим Моше), мувофиқи ривояти динӣ, сарвари қабилаҳои яҳудӣ, пайғамбар ва асосгузори дини яҳудӣ (асри 13 то милод). Аз рӯи афсонаи динӣ Мусо дар кудакӣ тасодуфан аз хатари марг наҷот ёфта, дар тарбияи духтари фиръавни Миср ба воя расида, баъд маҷбур шудааст аз Миср гурезад ва дертар ба арабдухтаре хонадор мешавад. Мусо бо амри худо Яҳво қабилаҳои исроилиро аз ғуломии фиръавнҳо раҳо карда, онҳоро рост аз миёнаи Баҳри «Чермн» (Сурх) гузаронид. Вале Яҳво ба қабилаҳои дар биёбон мондаи исроилӣ ва ба худи Мусо барои ба «замини муқаддас» (Фаластин) ворид шудан иҷозат надод ва онҳо то вафоти Мусо дар зарфи 40 сол оворагар-дӣ карданд. Дар кӯҳи Сино гӯё худо ба Мусо тахтасангҳоро назл кардааст, ки дар онҳо «10 васият» сабт шудааст.

Анъанаи динӣ Мусоро муаллифи Панҷкитоба (ё Тора) медонад (дар асл Панҷкитоба дертар дар асрҳои 9— 7 то милод пайдо шудааст). Дар масеҳият ва ислом низ Мусо пайғамбар дониста мешавад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …