МУСО ҶАЛИЛ

personМУСО ҶАЛИЛ (Ҷ а л и л о в) Мусо Мустафович (15. 2. 1906, деҳаи Мустафино, ҳозира вилояти Оренбург — 25. 8. 1944, Берлин), шоири советии тотор, Қаҳрамони          Иттифоқи Советӣ (1956, пас аз марг). Аз оилаи деҳқони кам-бағал.     Аъзои Пратияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС аз соли 1929. Университети давлатии Москваро хатм намудааст         (1931).

Муҳаррири журналҳои бачагонаи тоторие буд, ки дар назди Комитети Марказии  Всесоюзный Ленинский Комитет Советской Молодёжи ВЛКСМ(1931—32) нашр мешуданд. Солщои 1939—41 котиби масъули ИН Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Тотористон. Аз соли 1941 дар сафи Армияи Советӣ. Соли 1942 сахт маҷрӯҳ шуда, ба конслагер афтод. Дар он ҷо гурӯҳи пинҳонӣ ва фирории маҳбусони ҳарбии советиро ташкил кард. Вай шеърҳое менавишт, ки рафиқони маҳбусаш азбар мекарданд ва он шеърҳо аз даҳон ба даҳон мегузаштанд. Барои иштирок дар ташкилоти пинҳонӣ дар ҳабсхонаи Плетсензей ба қатл расонда шуд. Асарҳояш аз соли 1919 чоп шуда-анд. Аввалин маҷмӯаи шеърҳо ва достони «Мо равонем*-и  ӯ соли 1925 ба табъ расидааст. Шеърҳои «Роҳҳои тайшуда» (1924—28), «Партизани пешқадам» (1930), «Номарасон» (1940) ва ғайра ба комсомол ва қаҳрамониҳои меҳнатии халқи советӣ бахшида шудаанд. Дар чанде аз шеърҳояш дӯстӣ ва интернасионализмро васф намудааст («Дар бораи марг», 1927; «Ҷим», 1935, ва ғайра). Либретҳои операҳои «Алтын чеч» («Зарринмӯй», 1941; Мукофоти давлатии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР, 1948) ва «Элдар» (1941)) ба қалами Мусо Ҷалил тааллуқ доранд. Шеърҳои давраи-ҷангии шоир аз некбинӣ ва боварӣ ба ғалабаи муборизони зидди фашизм саршоранд: «Аз госпитал», «Пеш аз ҳуҷум», «Нома аз хандақ» ва ғайра. Ба воситаи маҳбуси ҳабсхонаи Моабит — партизани белгиягӣ дафтари шеърҳояшро берун фиристод: «Сурудҳои ман» (тарҷумаи тоҷикиаш 1955), «Бовар накун», «Пас аз ҷанг» ва ғайра. Бештар аз сад асари манзуми Мусо Ҷалил, ки дар ду дафтар навишта шуда буданд ва яке аз онҳоро аъзои гурӯҳи пинҳонӣ Н. Терегулов ҳифз намудааст, гувоҳи мубориза, азобу машаққат ва мардонагии шоиранд. Барои силсилаи шеърҳои «Дафтари Моабвт» (тарҷумаи тоҷикиаш 1966) Мусо Ҷалил сазовори Мукофоти ленинӣ гаштааст (1957, пас аз марг). Соли 1968 дар бораи Мусо Ҷалил филми «Дафтари Моабит» офарида шуд. Намунаҳои ашъори Мусо Ҷалил ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд («Бобунаи сурх», 1957; «Суруди охирин», 1959 ва ғайра).

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

nophoto

МУҲАММАДСОЛЕҲИ ИСФАҲОНӢ

МУҲАММАДСОЛЕҲИ ИСФАҲОНӢ (соли таваллуд ва вафоташ но­маълум), хушнависи асри 17 форс. Па­дараш Мирзо Абутуроб хушнависи …