Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУСКОВИТ

МУСКОВИТ

muscoviteМУСКОВИТ, минерал аз гурӯҳи абрақ, таркиби химиявиаш КА1а [AlSijOio] * (ОН)2. Системаи кристаллбандии он моноклинӣ; кристаллҳояш тахта-тахта. Сахтиаш 2,5—3; зичиаш 2760—3100 килограмм/метр3. Одатан бе-ранг, баъзан бӯртоб ё сабзтоб мешавад. Ҷилояш шишагун. Мусковит қисми таркибии ҷинсҳои магмавию метаморфӣ (гранитҳо, пегматитҳои гранитӣ, сиенитҳо, грейзенҳо, варақсангҳои кристаллӣ, гнейсҳо) мебошад. Кристаллҳои калон (бараш то 1—2 метр) ва тӯдаҳои он дар рагҳои пегматити вомехӯранд. Бинобар хусусияти баланди алектроизоляционй доштанаш Мусковитро дар саноат васеъ истифода мебаранд. Онро дар шакли абрақи в а р а қӣ (барои изоляторҳо, конденсаторҳо, телефонҳо ва ғайра), абрақи хока (барои истеҳсоли толи бомпӯшӣ, картони абракин, рангҳои оташтобовар ва ғайра) ва фабрикати абрақ (ҳамчун изолятори асбобҳои электрӣ) кор мефармоянд. Конҳои калони Мусковит дар нимҷазираи Кола, Урал ва Сибир мавҷуданд.

 

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …