Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУСХЕЛИШВИЛИ Николай Иванович

МУСХЕЛИШВИЛИ Николай Иванович

mushelishviliМУСХЕЛИШВИЛИ Николай Иванович (16. 2. 1891, Тбилиси —15. 7. 1976, ҳамон ҷо), математик ва механики советӣ, академик (1939; аъзо-корреспондент

1933) ва аъзои Президиуми Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР (аз 1957); академик (1941), президент (1941—72) ва президенти фахрии Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Гурҷистон (1972-76), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1945). Аъзои Пратияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС аз соли 1940. Соли 1914 Университети Петербургро хатм кардааст. Аз соли 1922 профессори Университет ва Институти политеникии Тбилисӣ. Директори Институти математикаи Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Гурҷистон ба номи А. М. Размадзе. Мусхелишвили асосан назарияи чандирӣ, муодилаҳои интегралӣ, масъалаҳои ҳудудия назарияи функсияҳо ва назарияи потенсиалҳоро тадқиқ кардаст. Мусхелишвили аз аввалин математикҳост, ки назарияи функсияҳои тағйирёбандаҳояш комплексиро ба ҳалли масъалаҳои назарияи чандирӣ татбиқ намуда, дар зимни он як қатор методҳои навро пеш ниҳодааст, ки дар дигар соҳаҳои математика, физикаи назарӣ ва механика тадбиқ ёфтаанд. Дар соҳаи назарияи масъалаҳои ҳудудии хаттии функсияҳои таҳлилӣ ва муодилаҳои интегралии якчена тадқиқоти муҳиме дорад. Формулаи муҳими индексро дарёфтааст, ки дар системаи муодилаҳои интегралии сингулярӣ тадбиқ меёбад. Депутати Совети Олии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР (даъватҳои 1 — 8). Аъзои бисёр академия ва муассисаҳои илмии хориҷа. Лауреати Мукофотҳои давлатии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР (1941, 4947). Бо 5 ордени Ленин, ордени Револютсияи Октябр, медалҳо, аз ҷумла Медали тиллои ба номи М. В. Ломоносов (19/2) ва 2 ордени мамлакатҳои хориҷӣ мукофотонида шудааст.

Асос.: Некоторые основные задачи математической теории упругости, 5 издание, Москва,1966; Сингулярные интегральные уравнения, 3 издание, Москва, 1968; Курс аналитической геометрии, 4 издание, Москва, 1967.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …