Маълумоти охирин

МУСКАТ

muskat-uzbekistanskijМУСКАТ (Франсавӣ, muscat, лотинӣ muScus — мушк), 1) навъҳои ангури мушкбӯй. Асосан дар Италия, Франсия, Испания, Португалия,

Республикаи Демократии Германия, Республикаи Федеративии Германия, Белгия, Англия мерӯяд. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР асосан дар нодиядои токдории Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия (Ставропол, Краснодар), Украина, Гурҷистон, Озар-бойҷон, Молдавия, Арманистон, Қазоқистон ва республикаҳои Осиёи Миёна, аа думла РСС Тод. (р-ндои Ордоникидэеобод, Регар, Ҳисор, Ленин ва ғайра) парвариш мекунанд. Хелҳои александрӣ, сафед, сиёҳ, маҷорӣ, вира, гулобӣ, ӯзбекистонӣ, гамбургӣ, қримӣ, бифер, кутлакӣ, отгонел, ашҳабӣ, алуштинӣ ва ғайра дорад. Токаш тезсабз, 50—85,6% навдаҳояш ҳосилдеҳ. Баргаш 3—5-парра, мудаввар, гулаш дуҷинса, хӯшааш калон (ба ҳисоби миёна 125—200 грамм), зичиаш миёна. Донааш миёна ва калони мудаввар ё эллипсӣ, пӯсташ нафиси шаффоф, сершираи ширин, 20— 33,4% қанд ва 4,5—8,2грамм/литр туршӣ дорад. Мускат гармӣ ва намиталаб буда, дар заминҳои серхоку санглох ва нишебиҳо нағз сабзида, ҳосили фаровон (аз 50—140 то 250—300 сентнер/гектар) медиҳад. Дави нашваш 145—150 рӯз, аввали май гул карда, охирҳои август ме-пазад. Асосан барои тайёр кардани майҳои хушсифат ва тархӯрӣ истифода мебаранд. Мускат бештар аз ҷел, касалиҳои занбӯруғӣ зарар мебинад. 2) Маи десерт, ки аз хелҳои Мускати сиёҳ, сафед ва гулобӣ тайёр мекунанд, 13—16% спирт, 20—30% қанд дорад. Мускатҳои беҳтаринро дар Қрим, Арманистон, Қирғизистон ва Молдавия тайёр мекунанд. Майҳои Мускати Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР дар конкурсҳои байналхалқӣ чандин бор сазовори медалҳои тилло гаштаанд. Нигаред низ Майкашӣ.

Адабиёт:       Виноградство Таджикистана, Душанбе, 1969; Сорта винограда Узбекистана, Ташкент, 1974.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …