Маълумоти охирин

МУСИҚОР

nayМУСИҚОР номи яке аз асбобҳои қадими мусиқии классикӣ. Аз ду найи дарозу кӯтоҳи бо ҳам васлшуда, яъне найи бузург (дорои 6 сӯрох) ва найи хурд (дорои 4 ё 3 сӯрох) иборат буда, овози хеле форам доштааст. Мувофиқи маълу-моти баъзе сарчашмаҳо Ҳаким Абӯҳафси Суғдӣ (асрҳои 9—10) ихтироъкори Мусиқор будааст. Аз рӯи ривоятҳо гӯё барои ихтирои Мусиқор «Мусиқор» ном мурғи хушнавое, ки минқори дарозаш сурохиҳои бисёре дошта, аз онҳо овозҳои гуногуни хеле хуш мебаромадааст, илҳом бахшидааст.

Т. Шаҳобов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …