Маълумоти охирин

МУСИҚИШИНОСӢ

musikishinosiМУСИҚИШИНОСӢ, илми мусиқӣ, яке аз соҳаҳои санъатшиносӣ. Мусиқишиносӣ ду соҳаи мустақили илм — Мусиқишиносии назариявӣ ва  Мусиқишиносии т а ъ р и х ӣ, инчунни соҳаҳои бо дигар илмҳо алоқаманди  Мусиқишиносӣ — эстетикаи мусиқӣ, танқиди мусиқӣ, этнографияи мусиқӣ, акустикаи (таркиби овозии) мусиқӣ ва ғайраро дар бар мегирад.  Мусиқишиносии назариявӣ умуман санъати мусиқӣ ё услубу воситаҳои хоси композисионнӣ ягон давр, халқ ё худ бастакорони барҷастаро тадқиқ мекунад. Барои омӯзиши унсурҳои ҷудогонаи мусиқӣ предметҳои назариявии мусиқӣ аз ҷумлаи оҳанг, ритм (иқоъ), гармония, полифония, таҳлили шаклҳои мусиқӣ, оркестронӣ ва ғайра машғуланд, Дар таълими мусиқӣ солфеджяо аҳамияти калон дорад. Мусиқишиносии таърихӣ тараққиёти иҷтимоии маданияти мусиқии ҳамаи халқҳоро дар алоқамандӣ бо адабиёт, санъати тасвирӣ, театр ва дигар намудҳои санъат тадқиқ мекунад.  Мусиқишиносии таърихӣ ҷуз таърихи умумии мусиқии таърихи (муслқии халқҳо ва мамлакатҳои гуногун (масалан, мусиқии мамлакатдои хориҷӣ, рус, тоҷик ва ғайра) ё давраҳои муайян, ҳамчунин таърихи пайдоиши шакл ва жанрҳои мусиқӣ (масалан, опера, балет, кантата, симфония, соната ва ғайра), намудҳои санъати иҷрокунандагӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Ҳангоми тадқиқоти илмӣ  Мусиқишиносии таърихӣ ба Мусиқишиносии назариявӣ такя мекунад. Дар навбати худ, агар Мусиқишиносии назариявӣ ба масъалаҳои ҳалталаби мусиқӣ аз назари таърихӣ наздик нашавад, хулосаҳояш нопурра ва яктарафа мебароянд. Ало-қаи мустаҳками узвӣ ва дутарафаи назария ва таърих яке аз шартҳои асосии илми Мусиқишиносии марксистӣ-ленинӣ мебошад.

Дар мамлакатҳои Шарқ, аз ҷумла Осиёи Миёна, илми мусиқӣ ва шо-хаҳои он — илми таълиф, илми иқоъ, илми адвор ва ғайра аз қадимулайём дар байни олимон, мусиқишиносон, созандагону навозандагон мақоми намоён дошт. Дар Мусиқишиносии Шарқ як қатор олимони форс-тоҷик — Форобӣ, Ибни Сино, Абдулмӯъмини Урмавӣ, Абдулқодири Гӯянда, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Зайнулобидини Ҳусайнй, Наҷмуддин Кавкабии Бухороӣ, Дарвешалии Чангӣ ҳиссаи калон гузоштаанд. Дар Тоҷикистон Мусиқишиносӣ баробари санъати мусиқӣ ривоҷ меёбад. Солҳои 20 ва 30 барои инкишофи мероси мусиқии халқи тоҷик як қатор мусиқидонон ва мусиқишиносони барҷаста, аз қабили Отаҷалол, Ҳоҷӣ Абдулазиз (Расулов), Содирхон, Усто Шодӣ, Домуллоҳалим Ибодов, Леви Бобохонов ва дигар барои инкишофи мусиқии касбӣ ва мусиқишиносӣ хизмати зиёде кардаанд. Соли 1924 бо ташаббуси профессор В. А. Успенский «Шашмақом» бо ёрии устодони онвақтаи мусиқӣ — Отаҷалол, Мирзоғиёс, Мирзо Назрулло ба нота гирифта шуд. Дар қатори онҳо Н. Н. Миронов, А. М. Листопадов, С. А. Баласанян, А. С. Ленский, С. Ю. Урбах барин бастакорону мусиқишиносон ва донандагони фолклори халқӣ барои омӯзиш, тадқиқ ва ба мусиқии касбии Европа мутобиқ намудани мусиқии халқӣ ва классикии тоҷик заҳмат кашиданд. Соли 1938 таъсис ёфтани кабинети тадқиқоти илмии мусиқии Хонаи эҷодиёти халқи республика барои пешравии Мусиқишиносии советии тоҷик имкониятҳои зиёде фароҳам овард. Ба нота гирифтани «Шашмақом» (1950—1967, Москва) аз тарафи бастакорону мусиқишиносони барҷастаи тоҷик Б. Файзуллоев, Ш. Соҳибов, Ф. Шаҳобов ва профессор В. М. Беляев дар омӯзиши бузургтарив мероси мусиқии классикии тоҷик як комёбии барҷастае буд. Дар сектори таърихи санъати Институти таърихи Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1958) бисёр корҳои тадқиқоти илмӣ оид ба мероси мусиқии халқӣ ва классикии тоҷик бурда мешавад. Мусиқишиносон профессор В. М. Беляев, профессор Н. Ҳ. Нурҷонов, О. Г. Данскер, 3. М. Тоҷикова ва дигар доир ба мероси мусиқии халқи тоҷик асарҳои парқимати илмӣ навиштаанд.

Адабиёт.: Беляев В. М., Музыкальная культура Таджикнетана, дар китоби: Очерки по истории музыки народов Союза Советских Социалистических Республик, выпуск 1, Москва, 1962; Нурджанов Н. X., Кароматов Ф. Музыкальное искусство Памира, Москва , 1978.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …