Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУСИҚИИ ВОКАЛӢ

МУСИҚИИ ВОКАЛӢ

vokalМУСИҚИИ ВОКАЛӢ, мусиқиест, ки барои суруд эҷод мешавад. Ба Мусиқии вокалӣ асарҳое дохил мешаванд, ки барои яккахонӣ ё хониши бисёровоза, ансамбл, хор, капелла эҷод шуда, бо ҳамовозии созҳои мусиқӣ ва бе иштироки он иҷро мегардад. Дар ҳамаи асарҳои Мусиқии вокалӣ овози инсон мавқеи калон дорад. Мусиқии вокалиро ба жанрҳои зерин ҷудо мекунанд: Мусиқии вокалии камеравӣ (романс, суруд, ансамблҳои вокалӣ бо ҳамовозии фортепиано ва якчанд созҳои мусиқӣ); кантатавӣ, ораториявӣ, вокалӣ-симфонӣ ва операвӣ. Мусиқии анъанавии халқиву классикӣ низ қисми таркибии Мусиқии вокалӣ мебошад. Мусиқии вокалӣ бо шеър алоқаи мустаҳкам дорад (ғайр аз вокализ — суруди бематни танҳо бо овоз ифодашаванда). Мусиқии классикии «Шашмақом» ва «Дувоздаҳмақом» ва аксари сурудҳои халқӣ низ ба Мусиқии вокалӣ дохил мешаванд.

Э. Тоҷикова.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …