Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУСИҚИИ СИМФОНӢ

МУСИҚИИ СИМФОНӢ

musikii-simfoniМУСИҚИИ СИМФОНӢ, як навъи мусиқии инструменталист, ки асар-ҳои барои оркестри симфонӣ эҷодшударо дар бар мегирад. Дар қатори асарҳои калону мураккаб шаклҳои нисбатан хурду маъмули мусиқӣ низ ба Мусиқии симфонӣ  дохил мешаванд. Жанрҳои муҳимтаринаш — симфония, достони симфонӣ, сюита, консерт, увертюра, фантазия. Бастакорон С. Баласанян (достон-фантазия барои оркестри симфонӣ, 4 сюита барои оркестри симфонӣ), М. Ашрафӣ (сюитаи тоҷикӣ барои оркестри симфонӣ), Ш. Сайфиддинов (достони симфонии «Қишлоқи тиллой»), Ф. Солиев (сюитаи симфонӣ), М. Светаев (сюитаи рақсӣ барои оркестри симфонӣ, достоин симфонии «Баҳор»), Ҷ. Охунов (сюитаи симфонӣ) асарҳои зиёде барои Мусиқии симфонӣ эҷод кардаанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …