Маълумоти охирин

МУСИҚИИ ҲАРБӢ

musikii-harbiМУСИҚИИ ҲАРБӢ, асарҳои мусиқиест, ки ҳангоми тантанаи маросим-ҳои ҳарбию ҷамъиятӣ (парад ва ғайра) ва омӯзондани амалиёти низомии қӯшун иҷро мешаванд. Тамоми асарҳои мусиқие, ки дар мавзӯи ҷанг офарида шудаанд, ба Мусиқии ҳарбӣ дохил мешававд. М.усиқии ҳарбӣ аз замонҳои қадим дар Миср, Ошур, Бобул, Филастин, Хитою Ҳиндустон ва мамлакатҳои форсизабон вуҷуд дошт. Вазифаи асосии Мусиқии ҳарбӣ баланд бардоштани рӯҳи ҷанговарон аст. «Мусиқӣ рӯҳи лашкарро ду баробар, ҳатто се баробар меафзояд*— гуфтааст Суворов. Намуди асосии Мусиқии ҳарбӣ марш ме-бошад. Мусиқии ҳарбӣ дар эҷодиёти бастакорони маъруфи Европа — Г. Ф. Гендель, Ф. Ҷ. Госсек, Л. Бетховен, Р. Вагнер, А. А. Алябьев, А. Г. Рубинштейн ва Н. А. Римский-Корсаков ҷой дорад. Эҷодиёти бастакорон Р. М. Глиэр, А. И. Хачатурян, Н. Я. Мясковский ва дигар ба Мусиқии ҳарбӣ марбут мебошад. Мусиқии ҳарбӣ аз давраҳои қадим ба мардуми мо хизмат мекунад ва дар муборизаҳои зидди аҷнабиёни истилогар ҷанговаронро ба шердилию мардонагӣ даъват менамояд. Дар тасвироти манзараҳои ҷангии «Шоҳнома» бисёр асбобҳои мусиқӣ (қарнай, говдум, руин, руинахум, буқ ва дигар) вомехӯранд, ки бо онҳо Мусиқии ҳарбӣ навохта мешуд:

Бигуфт ину фармуд то карраной, Дамиданд бо синҷу хандидарой. Хурӯш омад аз нолаи говдум, Дами нои саргину руинахум.

Пеш аз инқилоб дастаи навозандагон дар назди қасрҳо, ки «Нағорахона» ном дошт, ҷой гирифта менавохтанд. Ин даста дар сафар ва муҳорибаҳо низ иштирок мекард. Мусиқии ҳарбиро «Сарбозӣ» низ меномиданд (нигаред Назми сарбозӣ). Аз нимаи дуюми асри 19 ва аввали асри 20 Мусиқии ҳарбӣ дар майдони ҷанг дигар навохта намешуд, вале вазифааш ҳамчун унсури тарбиявии маданию маърифатӣ афзуд. Ҳоло Мусиқии ҳарбӣ аз тарафи оркестрҳои нафасӣ ва якканавозон (таблзану карнайнавоз) иҷро мешавад.

X. Абдуллоев

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …