Маълумоти охирин

МУСИҚИИ ХАЛҚӢ

musikii-halkiМУСИҚИИ ХАЛҚӢ осори гуногуни мусиқие, ки аз тарафи намоян-дагони халқ эҷод шуда, ҳамранги эҷодиёти даҳании халқ ривоҷ меёбад. Мусиқии халқ урфу одат, фикру андеша, орзуву омол, кору бор ва анъанаи миллии мусиқии ҳар як халқро ифода менамояд. Он дорои шаклу мазмундои гуногун буда, сарчашмаи эҷодии бастакорон ба шумор меравад. Аз ин ҷост, ки Мусиқии халқӣ бо мусиқии касбӣ алоқамандона инкишоф меёбад. Паҳнкунандагони Мусиқии халқӣ аз замонҳои қадим сарояндагон, мас-харабозон ва гӯруғлихонон мебошанд. Ҳоло намунаҳои Мусиқии халқиро дар фестивали азназаргузарониҳои санъати халқ, оркестрҳои асбобҳои халқӣ ва асарҳои тадқиқоти илмӣ вохӯрдан мумкин аст. Яке аз намудҳои асосии Мусиқии халқи сурудҳои халқӣ («Майда», «Ман доғ», «Наврӯзӣ», «Гулгардонӣ», «Бофандагӣ», «Ғарибӣ», «Сайри лола», «Сартарошон», «Фалак», «Шод муборакбод») мебошанд. Намуди дигари Мусиқии хақӣ мусиқии рақсӣ мебошад. Бастакорон ва оҳангсозони тоҷик дар асоси оҳангҳои рақсии халқӣ асарҳои гуногун офаридаанд.

Адабиёт: Шакармамадов Н. Назми халқии Бадахшон, Душанбе, 1975., Беляев В. М., Очерки по истории музыки народов Союза Советских Сотциалистических Республик 1962.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …