Маълумоти охирин

МУСИҚӢ

musikiМУСИҚӢ (аз юнони musike — санъати музаҳо), як навъи санъат, ки об-разҳои он тавассути овозҳои бадеӣ (ладя) ифода ёфта, воқеиятро ба таври хос инъикос мекунад. Мусиқӣ бо интонасияи нутқ алоқаи узвӣ дошта, ба овозҳои дорои ритм ва метрикаи муайян асос меёбад. Дар санъати Мусиқӣ овозҳо бо умумиятҳои хосашон аз овози маъмулӣ фарқ мекунанд. Мусиқӣ дар тараққиёти умумии иҷтимоӣ, ғоявӣ ва мадании инсоният ва тарбияи ахлоқӣ-эстетикии он воситаи муҳими маънавӣ ба шумор рафта, дорои қувваи бузурги эмосионалӣ мебошад. Дар Мусиқӣ мисли дигар намудҳои санъат мактабу равияҳои хоси эҷодй мавҷуданд. Дар мероси мусиқии халқ ва эҷодиёти бастакорони номӣ ҷунбишҳои пешқадами иҷтимой, меҳнату машаққат, орзую умед ва зиндагию талошҳои халқ акс ёфтаанд. Як қатор бастакорон барои боз ҳам амиқтар ифода намудави ғояҳои иҷтимоӣ ва фалсафӣ аз доираи мусиқии соф (оҳанги созии бепрограмма) берун баромада, ба воситаҳои конкретӣ — сухан (Мусиқии вокалӣ ё вокалӣ-симфонӣ, Мусиқии программавӣ), инчунин амалиёти саҳнавӣ рӯ меоранд. Дар Мусиқӣ образҳои амиқ ва барҷастаи драматикӣ, эпикӣ ва лирикӣ талқин мешаванд. Мазмун ва ғояи Мусиқӣ бештар ба об­разҳои мусбат асос ёфта, дар он фазилату хислатҳои неки инсонӣ ва ҳаётдӯстию инсонпарварӣ тараннум мегардад. Дар Мусиқии касбӣ бастако- рон асарҳояшонро бо усули нотанависӣ сабт менамоянд. Дар ҷараёни иҷрои асар принсипҳои эстетикӣ, фантазияи эҷодӣ ва маҳорати ичрокунандагии созандагон зоҳир мешавад. Фаъолияти мусиқии инсон аз се намуди асосӣ — эҷод, иҷро ва дарккунӣ иборат аст. Мусиқӣ вобаста ба хусусият ва аломатҳои хосаш ба шаклҳои зерин: 1) аз рӯи мундариҷа Мусиқии лирикӣ, эпикӣ, драматикӣ, инчунин қаҳрамонӣ, фоҷиавӣ, мазҳакавӣ ва ғайра, ба тарзи дигар Мусиқии ҷиддӣ (вазнин) ва Мусиқии сабук (муфарраҳ); 2) Аз рӯи усул ва моҳияти иҷрокунӣ Мусиқии вокалӣ ва Мусиқии инструменталӣ ё худ ба тарзӣ дигар Мусиқии якканавозӣ, ансамбл, оркестрӣ, хор ва ғайра; 3) аз рӯи омезишу алоқааш бо дигар намудҳои санъат ва каломи бадеъ Мусиқии театрӣ, Мусиқии рақсӣ, Мусиқии кино, инструменталии программавӣ, мелодрама (хониш ва ҳамовозии мусиқӣ) ва ғайра ҷудо мешаванд. Дар навбати худ ҳамаи ин намудҳо Мусиқии т а м о ш о ӣ (мусиқӣ барои театрҳои мусиқӣ, театрҳои драма, ки­но) , консертӣ (Мусиқии симфонӣ, Мусиқии камеравӣ ва эстрадӣ), оммав ӣ-м а и ш ӣ (мусиқӣ барои сурудану ҳаракату рақс), маросимӣ, яъне Мусиқии динӣ ва оинҳои ашрофона шуда метавонанд. Вобаста ба ком­позисия ва таркиби «забонӣ» (якҷоя бо воситаҳои иҷрокунандагӣ) жанрҳои якқисма ва сиклии Мусиқӣ аз ҳам фарқ мекунанд. Масалан, дар Мусиқии тамошоӣ — опера, балет, оперет­та ва ғайра; дар Мусиқии  консертӣ — симфония, сюита, увертюра, орато­рия, кантата, романс, соната ва ғайра; дар Мусиқии маросимӣ — сада ва наврӯз ва ғайра. Инчунин ҳар як давр ва санъати мусиқии милли дорои «фонди жанрӣ»-и хос мебошад.

Аввалин намунаҳои санъати Мусиқӣ дар ҷамоаи ибтидоӣ пайдо шудааст. Мусиқӣ ҳамчун шакли алоҳидаи санъат ҳанӯз аз давраҳои қадим дар заминаи меҳнату маишат ва орзую умед­ҳои одамон ташаккул ёфта, дар як- ҷоягӣ бо рақс, суруд, инчунин маросимҳои динӣ зоҳир мешуд. Дар мам- лакатҳои қадимтарини Шарқу Ғарб (Миср, Хитой, Ҳиндустон, Юнон, Рим) -замимаи санъати Мусиқӣ, аз ҷумла Мусиқии профессионалӣ гузошта шу­дааст. Дар Европаи асримиёнагй санъати Мусиқии касбӣ дар тасарруфи калисою ибодатхонаҳо буда, Мусиқии халқӣ-инструменталӣ ривоҷ ёфт. Дар мамлакатҳои Шарқи ҳамон давра, махсусан, мусиқии дарборӣ, маишӣ ва маросимӣ пеш рафта буд. Давраи Эҳё қуллаи баланди инкишофи Мусиқии Европа ба шумор меравад, зеро дар ин давра опера, ора­тория, кантата, увертюра, сюита шакл гирифта, усули нотанависӣ такмил ёфт. Афкори назариявии мусиқӣ бойтар гардид. Санъати поли­фония дар асрҳои 16—17 ва алалхусус нимаи аввали асри 18 (дар эҷодиёти И. С. Бах) ба нуқтаи олии инкишоф расид. Дар асри 18 асоси гармонияи мусиқии классикӣ, шаклҳои операвию инструменталӣ (аз он ҷумла симфония, соната, консерт), оркестри классикӣ ва мактабҳои миллии Мусиқӣ гузошта шуд. Парвози баланди Мусиқӣ дар эҷодиёти И. С. Бах, Г. Ф. Генделъ, К. В. Глюк, И. Гайдн, В. А. Мосарт бо ҳаракатҳои демократии зиддифеодалӣ ва ҷунбишҳои маорифпарварӣ зич алоқаманд мебо­шад. Махсусан, эҷодиёти Л. Бетхо­вен саршори идеяҳои озодихоҳона аст. Классисизм, романтизм барин як қатор чараёнҳои бадеӣ дар пешбурди санъати Мусиқӣ мавқеи намоён доштанд. Дар айни замон мактаб- ҳои миллии Мусиқӣ, ки дар асоси анъанаҳои Мусиқӣ ин ё он халқ ташаккул ёфта буданд, дар инкишофи санъати Мусиқии ҷаҳон ҳисса гузоштанд. На- моёнтарин комёбиҳои мактабҳои миллии Мусиқӣ дар асри 19 бо эҷодиёти Ф. Шуберт (Австрия), К. М. Вебер, Р. Шуман, И. Брамс, Р. Вагнер (Герма­ния), Г. Берлиоз, Ж. Бизе (Фран­сия), Ҷ. Россини, Ҷ. Верди (Ита­лия), Ф. Шопен, С. Монюшко (Поль­ша), Ф. Лист, Ф. Эркел (Венгрия), А. Дворжак, Б. Сметана (Чехия), Э. Г риз (Норвегия) ва дигар вобаста аст. Мактаби Мусиқии миллии рус, ки аз маданияти славянҳои қадим оғоз ёфтааст, барои татбиқи реализм дар Мусиқӣ роли бағоят бузург бозид. Пайдоиши мактаби Мусиқии миллии рус ба асри 18, давраи рущди анъанаҳои мил­лии он ба асри 19, пеш аз ҳама, бо эҷодиёти асосгузори Мусиқии классикии рус М. И. Глинка алоқаманд аст. Як қатор намояндагони барҷастаи ин мактаб — А. Даргомыжский, М. Ба­лакирев, А. Бородин, М. Мусоргс­кий, Н. Римский-Корсаков, П. Чай­ковский, ки пайравони Глинка бу­данд, дар эҷодиёти худ идеяҳои пешқадами замонро таҷассум намуда, принсипҳои халқият ва реализмро дар Мусиқӣ собитқадамона татбиқ мекарданд. Ин бастакорон ба Мусиқии халқӣ такя карда, мундариҷаи эмосионалӣ-образии асарҳояшонро ғанитар гардонда, воситаҳои ифода ва шаклу жанрҳои нави Мусиқиро дарёфтаанд. Дар даврае, ки импрессионизм, экспрессионизм ва диг. ҷараёнҳои бадей падяд меомадаяд, Н. Римс­кий-Корсаков, С. Танеев, А. Г лагу­нов, А. Скрябин ва дигарон анъана- ҳои реалистии Мусиқии классикии русро ҳаматарафа инкишоф медоданд.

Санъати Мусиқии советӣ ҳам пеш аз ҳама, дар ҳамин замина ташаккул ёфт. Қарордоду  чорабиниҳои Партияи Коммунистӣ ва Ҳукумати Советй ба пешрафти санъати Мусиқӣ мусоидат намуда, боиси ба миён омадани бисёр асарҳои пурмазмуну баландғоя гардид. Санъати Мусиқии советӣ ба мавзӯъҳои актуалӣ рӯ оварда, воқеиятро аз назари ҷаҳонбинии коммунистӣ инъикос мекунад. Бастакорони намоёни советй Р. Глиэр, Н. Мясковский, С. Прокофьев, Д. Шостакович, А. Хачатурян, Д. Каба­левский, Т. Хренников, Г. Свиридов, И. Дунаевский, В. Соловьев-Седой, Қ. Қароев, М. Ашрафӣ ва дигар санъ­ати мусиқии советиро аз ҷихати мавзӯъ, мундариҷа, шакл, тарғиби идеалҳои олии инсонӣ, воситаҳои ифода ва маҳорати касбӣ ба пояҳои боз ҳам баланд бардоштаанд. Дар ҷараёни пешрафти санъати Мусиқии со­ветӣ Мусиқии халқҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР, ки чузъи ҷудонашавандаю таркибии он ба шумор меравад, ба бисёр комёбиҳои беназир ноил шудааст.

Мусиқии халқи т о ҷ и к таърихи қадима дорад, ки ба он сарчашма- ҳои адабӣ, намунаҳои санъати минётур ва мусаввараҳои рӯйдеворӣ, рисолаҳои сершумор оид ба Мусиқӣ, осори бои Мусиқии классикӣ ва халқӣ шаҳодат медиҳанд. Осори тасвирии Панҷакенти Қадим ва ҳайкалҳои гилини дар Самарканд ёфтшуда (асрҳои 3—2 то милод) нишонест аз такомули санъати Мусиқии ин давраҳо. Нижвони сангини Айртом (наздикии Тирмиз, асрҳои 1—2), ки гурӯҳи навозандагонро (мард ва зан) таҷассум намудааст, дар Мусиқии ин асрҳо мақоми намоён доштани ансамблро собит мекунад. Мусаввараҳои рӯ- йдевории Панҷакент (асрҳои 7—8) доир ба санъати Мусиқии суғдиёни қа­дим материалҳои фаровон медиҳанд. Масалан, дар мусавварае рақси мароси­мӣ бо созҳо, дар мусаввараи дигари пайкари зан ҳангоми навохтами ҷанг акс ёфтааст ва ғайра. Гимнҳои Авесто, ки қаҳрамонҳои асотириро ситоиш мекунанд, аз маданияти ба­ланди Мусиқии гузаштагони тоҷикон бисёр маълумоти пурқимат меди­ҳанд. Муаррихи асри 10 Наршахӣ дар «Таърихи Бухоро* ном асараш оид ба сурудҳои маросимии сокинони ин ноҳия, алалхусус «Кини Сиёвуш», ки ба сӯғвории Сиёвуш ном қаҳрамони асотири тасниф гардидааст, маълумоти муфассал меорад. Санъати Мусиқӣ ва созҳои мухталифи он аз асрҳои 13—14 cap карда, дар як қатор минётурҳое, ки саҳнаҳои қабул, маҷлисҳои базму тараб, шабнишинӣ, вохӯрии дилдодагонро дар бар мегиранд, хеле равшан таҷассум ёфтааст. Дар минётурҳои «Шоҳнома> саҳнаи мутрибии Борбад дар назди Хусрав ва Ширин ва дар навой чанги Озода ба шикори оҳу рафтани Баҳроми Гӯр (тақрибан 1445), дар «Хамсаь-и Низомӣ саҳнаи дар тӯи Искандар ва Равшан дар ҳавои чангу дойра ба рақс омадани раққосон (тақрибан 1579—80) ва ғайра тасвир шудаанд. Дар рисолаҳои сершумор таҳаввулу такомул ва пешрафти мероси Мусиқии халқи тоҷик аз ибтидои асрҳои 10 cap карда, хеле муфассал зикр шудааст. Дар қатори намоёнтарин рисолаҳои мусиқӣ «Китаб-ул-мусиқӣ-ул-кабир”-и Форобӣ, «Рисолат фӣ илм-мусиқӣ*-и Абӯалӣ ибни Сино, Китоб-ул-адвор» ва “Рисолат-уш-шарафия»-и Абдулмӯъмини Урмавӣ, вMaқоcuд-ул-алҳон» ва “Ҷомеъ-ул-алҳон»-и Абдулқодири Гӯянда, «Нағамот-ул-адвор»-и Абдулазизи Мароғаӣ, “Рис олаи мусиқӣ»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ, «Рисолаи Mycuқӣ*- и Кавкабии Бухороӣ, “Қонуни илмӣ ва амалии мусиқӣ»-и Зайнулобидини Ҳусайнй, «Тӯҳфат-ус-сурур»-и Дарвешалии Чангӣ ва ғайраро ном бурдан мумкин аст. Дар ин рисолаҳо доир ба бисёр масъалаҳои назария-вии Мусиқӣ, аз ҷумлаи оҳанг ва таркиби овози он, зарбу вазнҳо, бӯъд (интервал), иқоъ (ритм), аломатҳои ритмӣ (усул), лаҳн (мелодия), ҷамъ (қаторовоз), парда ё ҷинс (лад), инчунин усул ва қавоиди хоси нотанависӣ ва ғайра. маълумоти пурқимат оварда шудаанд. Аксари шоирони классикии форс-тоҷик аз ҷумлаи устодон ва донандагони мероси Мусиқии гузаштагон ва замони хеш ба шумор мерафтанд. Масалан, сардафтари адабиёти классикии форс-тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (асри—10) натанҳо уд, чанг, барбат ва руд барин созҳои мусиқиро бо камоли маҳорат менавохт, балки тарона ва уфари мусиқии вокалии классикиро такмил додааст. Ё худ Абдурраҳмони Ҷомӣ (асри 15) дар Мусиқӣ таснифи нақшҳоро ҷорӣ намуд. Аҳмади Дониш яке аз донандагон ва иҷрокунандагони бомаҳорати «Шашмақом» буд. Санъати Мусиқии касбии тоҷик дар заминаи Мусиқии халқӣ ташаккул ёфта, аз бисёр восита ва имкониятҳои бадеии он истифода мебурд ва дар навбати худ ба он таъсир мерасонд. Қуллаи баланди мусиқии классикии тоҷикон “Дувоздаҳмақом” (асрҳои 11—18) ва “шашмақом» (асри 18) ба шумор меравад, ки аз мероси бои Мусиқии халқӣ шодоб гаштаанд. Мусиқии халқии тоҷик асосан ба се услуб — ш и м о л ӣ (вилояти Ленинобод, ки ба санъати Мусиқии Бухоро ва Самарқанд каробат дорад), марказӣ (вилояти  Кӯлоб) ва п о м и р ӣ (Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ) чудо мешавад. Хар яки онҳо хусусиятҳои овозӣ, зарбу усул ва шаклу жаноҳои ба худ хос доранд. Мусиқии советии тоҷик давраи нави инкишофи санъати Мусиқӣ буда, онро аз ҷиҳати мазмун, мундариҷа, шаклу жанр ва воситаҳои нави ифода боз ҳам бойтар намуд. Табаддулоти бузурги револютсионӣ боиси ба вуҷуд омадани оҳангҳои инқилобии гимнмонанд дар Мусиқии советии тоҷик гардида, онро аз ҷиҳати интонасия ва ритм такмил дод. Мисоли равшани ин «Марши ҳуррият» (шеъри Садриддин Айнӣ), «Сипоҳи сурх», «Мо коргарзодагонем» (шеърҳои Абулқосим Лоҳутӣ) ва ғайра мебошанд. Дар қатори Мусиқии анъанавӣ жанрҳои мусиқии бисёровоза, аз қабили драмаи мусиқӣ, опера, балет, асарҳо барои оркестри симфонӣ инкишоф ёфт. Дар омӯзиш ва ба роҳ мондани му-сиқии европоӣ ва татбиқ намудани он дар мусиқии халқӣ ва классикии тоҷик ҳиссаи бастакорону мусиқишиносон С. А. Баласанян, А. С. Ленский, С. Ю. Унбах, 3. Шаҳидӣ, Ш. Саӣфиддинов, Ҷ. Охунов, Д. Дустмуҳаммадов ва дигар хеле калон аст. Ходимони намоёни Мусиқии тоҷик: дирижёрон — Артистони Халқии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон А Камолов, И. Абдуллоев, Ф. Солисе, Ходимони Хизматнишондодаи Санъати Тоҷикистон Э. Д. Айрапетянц, А. С. Ҳамдамов, Л. Г. Кауфман, X. Муллоқандов ва дигар; режиссёрон — Артисти Халқии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР F. Валаматзода, Р. А. Корох; сарояндагон — Артистони Халқии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР А. Бобоқулов, Ҳ. Мавлонова, Л. Кабирова, Ҷ. Муродов; Артистони Халқии Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон М. Боқиева, Б. Исҳоқова, М. Иброҳимова, А Муллоқандов, Ш. Муллоҷонова, Р. Толмасов, 3. Новимов, Н. Разлогова ва дигар Ҳофизони Халқии Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон Ҳ.  Ризо, Ш. Ҷӯраев, Ф. Шаҳобов, Ш. Соҳибов, Б. Файзуллоев, О. Ҳошимов; навозандагон — Артисти Халқии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР Ғ. Ғуломалиев, Артисти Халқии Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон  А. Алоев ва дигар санъати Мусиқии профессионалӣ ва халқии тоҷикро ба пояҳои боз ҳам баланд бардоштаанд. (нигаред низ Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, қисми мусиқӣ).

Адабиёт: Грубер Р. И., История музыкальной культуры, ттом 1—2, Москва—Ленинград, 1941—99; хамон м у а л лиф, Всеобщая история музыки, издание., 3, частӣ 1, Москва, 1965; Ленский А., Таджикская Советская Социалистическая Республика, издание., 2, Москва, 1957; Джами Абдурахман, Трактат о музыке, перевод с персидского Том, I960; Беляево. М., Очерки по истории музыки народов Союза Советских Социалистических Республик, Москва, 1962—63; История музыки народов Союза Советских Социалистичечких Республик, издание 2, ттоммы 1—5, Москва, 1970—74; Луначарский А. В., В мире музыки, издание 2. Москва, 1972; Музыкалная жизнь советского Таджикистана, Душанбе, 1974—75.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …