МУСИЧА

streptopeliaМУСИЧА (Streptopelia), як ҷинси паррандаҳост аз оилаи кафтарҳо.

Дарозии танаш 14—30 сантиметр, думаш дароз, пойҳояш кӯтоҳ, дар гарданаш доғи сиёҳ дорад. Параш бӯр ё хокистарранги сурхтоб аст. Дар Европа, Осёб ва Америкаи Шимолӣ паҳн шудааст. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР 5, аз ҷумла дар Тоҷикистон 3 намудаш (шоҳмусича, Мусичаи муқаррарӣ, ва Мусичаи хурд, нигаред расм) зиндагӣ мекунад. Мусичаи муқаррарӣ (S. turtur) бештар дар ноҳияҳои пастӣ, доманаи кӯҳҳо, баъзан ноҳияҳои кӯҳӣ (500—2600 метр аз соҳили баҳр) ва Мусичаи хурд (S. senegalensis) дар манзилгоҳҳо зиндагӣ мекунанд. Мусичаи хурд паррандаи муқимӣ буда, дар дарахту буттаҳо ва пештоқи хонаҳо лона мегузорад. Мусича тухми алаф ва дони зироатҳои ғалладонаро мехӯрад.

Ад.: Абдусалямов И. А., Фауна Таджикской Советской Социалистической Республики, том 19, часть 1, Птицы, Душанбе, 1971.

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

mugsu

МУҒСУ

МУҒСУ, дарёест дар pайони Ҷиргатоли Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Аз як шудани дарёҳои Селдара ва …