Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУШУНГ

МУШУНГ

mushungМУШУНГ, н а х ӯ д и даштӣ (Pisum sativum), растании яксолаест аз оилаи лӯбиёиҳо. Баландиаш то 1 метр; пояаш ғафси камшохча, баргаш мураккаб (аз 2—3 ҷуфт баргча иборат), гулаш калони одатан ҳарранга, баъзан сафедтоб, ғилофакаш 6— 8-тухма, тухмаш мудаввари зарди сабзча, сурхтоби холдор. Моҳҳои июн — июл гул ва июл — август мева мекунад. Асосан дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР (Осиёи Миёна, Қисми европоӣ) ва Европа паҳн шудааст. Ба Штатҳои Муттаҳидаи Америка низ бурдаанд. Дар Точикистон бештар дар қаторкӯҳҳои Туркистон, Ҳисору Дарвоз ва ноҳияҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Шарқӣ, Помири Ғарбӣ мерӯяд. Чун алафи бегона дар киштзори ғалладона (800—2800 метр аз сатҳи баҳр) низ месабзад.

Мушунг дар заминҳои лалмии минтақаҳои Ҳисор ва Кӯлоб, инчунин дар заминҳои обии Ҳисору Вахш кишта мешавад. Мушунгро алоҳида ё ҳамроҳи ҷав ва сулӣ мекоранд. Аз дону орди он таом мепазанд.

Адабиёт: Флора Таджикской Советской Социалистической Республики, том 5, Ленинград, 1978.   М. Р. Расулова.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …