Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУШТАКНАВАРД

МУШТАКНАВАРД

mushtaknavardМУШТАКНАВАРД, наварди тақсимот, наварди муштакдори мошин, ки ин ё он механизми мошин аз муштакҳои он бо тартиби муайян ба ҳаракат меоянд. Масалан, дар муҳаррики дарунсӯз Муштакнавард сари вақт кушода ва пӯшида шудани клапанҳои газтақсимкунандаро таъмин мекунад; дар насосҳои сӯзишворӣ бо таъсири муштакҳои Муштакнавард плунжерҳо ба кор медароянд. Муштакнаврдро аз пӯлод мештампонанд ё аз чӯяни фавқулода мустаҳкам мерезанд. Муштакҳо ва гарданаҳои Муштакнавардро то сахтии НКС 53— 62 обутоб дода, баъд суфта мекунанд ва сайқал медиҳанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …