Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУШРИФОНА

МУШРИФОНА

МУШРИФОНА (аз арабь мушриф), як навъи андоз дар Осиёи Миёна, ки ба фоидаи мушриф аз дещқонон рӯёнида мешуд. Аз асри 13 то ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр ҷорӣ буд. Миқдори андоз дар ҷойщои мухталиф гуногун буда, аз ҳар хирмаи як корсон (қариб як пудро ташкил мекард) ғалла медоданд. Дар Дарвоз ба мушрифи калон 1/14 ҳиссаи ҳосил, ба мушрифи деҳот аз ҳар хирман 2—4-табақӣ ғалла медоданд. Мушрифонаи Қаротегин боз ҳам зиёдтар буд.    Ш. Юсуфов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …