Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУШРИФ Мирзоқаландари Исфарагӣ

МУШРИФ Мирзоқаландари Исфарагӣ

nophotoМУШРИФ  Мирзоқаландари Исфарагӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), муаррих, шоири дарбор ва амалдори хони Ҳуқанд—Умархон (1810—22). Ӯ бо номи Мирзои Мушриф низ машҳур буд. Мушриф бо супориши Умархон «Зафарнома»-и Фазлии Намангониро, ки ба таърихи ҳукмронии Умархон бахшида шуда аст, ба наср мегардонад. Номи дигари ин асар «Таърихи Амир Умархонӣ» аст. Мушриф бо хоҳиши Умархон асари таърихии «Шоҳномаи Умархонӣ»-ро менависад. Баъзеҳо онро «Таърихи Амир Умархонӣ» номидаанд. Дастхати ин асар то ба мо расидааст. Нусхаи имзокардаи муаллиф дар шуъбаи ленинградии Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР маҳфуз аст. Соли таълифи асар номаълум.

Адабиёт: Р о м о д и н В. А.. Новый источник по истории Кокандского ханства «Проблемы Востоковедения», 1950, К» 3, «Каталог восточных рукописей Академии Наук  Таджикской Советской Социалистической Республики», том 1, Душанбе, I960. А. Мухторов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …