Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МУШОВАРАИ ЛОНДОН

МУШОВАРАИ ЛОНДОН

img5МУШОВАРАИ ЛОНДОН, гуфтушуниди махфии намояндагони доираҳои ҳукмрони Британияи Кабир ва Германияи фашистӣ (нюн—августи 1939). Мақсади Мушоварат Лондон созиши ҳукуматҳои Англия ва Германия аз рӯи масъалаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ буд. Таклифҳои Англия манфиати Германияро дар Шарқ ва ҷануби шарқи Европа, комилҳуқуқии Англияро дар мустамликаҳояш пешбинӣ мекард. Пешбинӣ шуда буд, ки онд ба масъалаҳои мустамликадорӣ бо роҳи аз нав дидани як қатор пунктҳои Шартномаи Версал (1919) созиш ба даст оварда шавад. Намояндаи Англия таклиф намуд, ки тайёр аст дар бораи ба якдигар ҳуҷум накардан муоҳида бандад. Мушовараи Лондон ба нафъи доираҳои ҳукмрони Англия буд, зеро онҳо мехостанд Германияи фашистиро ба муқобили мамлакатҳои Европаи Шарқӣ ва хусусан Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР равона кунанд. Aммo роҳбарони Германияи фашистӣ таклифҳои Англияро рад карданд, ки ин боиси қатъ шудани гуфтушунид гардид. Сабаби асосии қатъ гардидани Мушовараи Лондон: зиддиятҳои тезутунди байни империализми Англияю Германия, алалхусус саъю кӯшиши Германияи фашистӣ барои ҳукмфармо гардидан дар ҷаҳон.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …