Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МУШОВАРАИ ИСТЕҲСОЛӢ

МУШОВАРАИ ИСТЕҲСОЛӢ

mushovarai-istehsoliМУШОВАРАИ ИСТЕҲСОЛӢ (аз арабӣ — машварат бо ҳамдигар ва истеҳсолот), м а ҷ л и с и машваратии доимии истеҳсолӣ (ММДИ), дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР яке аз шаклҳои демократияи сотсиалистӣ, назорати ҷамъиятӣ ва қалб намудани оммаи меҳнаткашон ба корҳои роҳбарии истеҳсолот. Аз соли 1958 вуҷуд дорад. Низомномаи Мушовараи истеҳсолӣ бо қарори Совети Вазирони Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР ва ВЦСПС аз 18 июни 1973 тасдиқ шудааст. Мушовараи истеҳсолӣ дар саноат (иттиҳодияҳои истеҳсолӣ, комбинатҳо), нақлиёт, сохтмон, муассисаҳои тадқиқоти илмӣ, лоиҳакашӣ, ташкилотҳои конструкторӣ ва қисмҳои структураи онҳо (сехҳо, шуъбаҳо, лабораторияҳо ва ғайра), ки на камтар аз 300 нафар хизматчӣ доранд, дар муассисаҳои хоҷагии халқ, алоқа, савдо, хизмати маишӣ ва ғайра ва қисмҳои структурии онҳо, ки на камтар аз 100 нафар коргар доранд, ташкил карда мешавад. Шумораи ҳайати Мушовараи истеҳсолиро маҷлиси умумӣ (конференсия) муайян мекунад. Коргарону хизматчиён, намояндагони роҳбарият, ташкилотҳои партиявӣ, комсомолӣ, иттифоқи касаба, советҳои ҷамъиятҳои илмии техникӣ ва ҷамъияти ихтироъкорону навоварон аъзои Мушовараи истеҳсолӣ буда метавонанд. Мушовараи истеҳсолиро иттифоқҳои касаба интихоб ва ба кораш роҳбарӣ мекунанд. Мушовараи истеҳсолӣ аз рӯи зарурат, вале камаш дар дар квартал як маротиба гузаронида мешавад. Мушовараи истеҳсолӣ  иҷрои бомуваффақияти планҳои давлатӣ, инкишофи мусобиқаи сотсиалистӣ, истифодаи пурраи захираҳои дохилии истеҳсолот, ҳарҷониба баланд бардоштани самаранокии меҳнатро таъмин карда, барои тезонидани прогресси илмию техникӣ, тартиб додану муҳокимаи лоиҳаи планҳои ҷорӣ ва перспективӣ (инкишофи иҷтимоии коллектив, тадбирҳои ташкилию техникӣ, ҷорӣ намудани техникаи нав, механиконӣ ва автоматонии истеҳсолот), мудоҳизати моликияти сотсиалистӣ ва ғайра мадад мерасонад; масъалаи истифодаи фондҳои ҳавасмандии иқтисодӣ, планҳои сохтмони саноатӣ, биноҳои истиқоматӣ, маишию маданиро дида мебарояд ва оид ба такмил додани методҳои роҳбарии муассисаю ташкилотҳо таклифҳо пешниҳод мекунад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …