Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУШОЛ

МУШОЛ

yakchinsabuttaМУШОЛ (Lonicera), якҷинсибуттаҳои хазонрез ё ҳамешасабзеро гӯянд, ки ба оилаи мушолиҳо мансуб аст. Барги содда, гули дуҷинсаи сафед, зард, гулобӣ ва сурх ва ғуҷуммева дорад. Мушол растании гармидӯст аст. Онро дар сабзкории шаҳру деҳот ва барои аз эрозия муҳофизат кардани хок истифода мебаранд. Бештар аз 200 намудаш асосан дар Нимкураи шимолӣ ва ҷанубӣ (дар Анд) мерӯяд. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР 51, аз ҷумла дар Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон 18 намуди худрӯи Мушол месабзад. Дар Душанбе 98 намуди Мушолро, ки дар байни онҳо ҳам лиана ва ҳам растаниҳои ҳамешасабз мавҷуданд, парвариш мекунанд. Дар кӯҳҳои республика махсусан L. korolkovii (баландиаш то 6 метр) бештар паҳн шудааст. L. korolkovii (нигаред расм) растании хушкитобовар буда, аз кӯчат нағз месабзад. Бинобар ин онро барои сабзкорӣ тавсия мекунанд.

Адабиёт: Деревья я кустарники для озеленения Таджикистана, Душанбе, 1965; Запрягаева В. И., Лесные ресурсы Памиро-Алая, Душанбе, 1976. Я. Г. Темберг.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …