Маълумоти охирин

МУШОКИЛ

musikiМУШОКИЛ (арабӣ- монанд, ҳамшакл), номи яке аз б а ҳ р д ҳои фаръии арғз. Ин баҳрҳо барои он Мушокил гӯянд, ки рукнҳояш ба баҳри қариб монанд аст. Мушокил рукни махсус надошта, дар натиҷаи омезиши зиҳофҳои рукни асосии бахри ҳазаҷ (мафойлун) ва зиҳофҳои баҳри paмал (фоилотун) сохта мешавад. Шакли солими баҳри Мушокил (фоилотун/ мафойлун/мафойлун) маъмул нест. Барои сохтани авзони дигари баҳри Мушокил зиҳофҳои рукни мафойлун — макфуф — мафойлу; мақсур — мафойл; маҳзуф — фаулун ва зиҳофи рукни фоилотун макфуф — фоилоту истифода мешаванд. Аз омезиши зиҳофҳои рукнҳои солими Мушокил ду вазн дар шакли мусаддас ҳосил мешавад. Ленин баъзе шоирон дар шаклҳои мусамману мураббаъи он низ шеър гуфтаанд. Мисолҳо барои Мушокил:

1)         Мушокили мусаддаси макфуфи мақсур:

(— V — V/V V/V     )

Эй нигори сияҳчашми сияҳмӯй,

Сарвқади накӯрӯву накӯгӯй.

2)         Мушокили мусаммани макфуфи мақсур:

(— V — V/V V/—V — V/V           )

Хезу тарфи чаман гир бо ҳарифи суманрӯй,

Гоҳ сунбули тар чину гоҳ моҳи суманбӯй. (Чомӣ).

3)         Мушокили мураббаъи макфуфи мақсур:

(— V — V/V )

Рӯзгор хазон аст.

Боди сард вазон аст.

Адабиёт: В е р т е л ь с Б. Э„ Грамматика персидского языка. Ленинград, 1920; Баҳром С я р у с., Арӯзи тоҷикӣ., ушанбе„ 1963; 3 е ҳ н ӣ Т,, Саньати сухан, Душанбе 1979;

У. Тоиров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …