Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУШОҲИДОНИ ДИПЛОМАТӢ

МУШОҲИДОНИ ДИПЛОМАТӢ

mushohidoni-diplomatiМУШОҲИДОНИ ДИПЛОМАТӢ, шахсоне (ё гурӯҳи шахсон), ки давлат ё ташкилоти байналхалқӣ барои мушоҳидаи кори конференсияҳои байналхалқӣ, ташкилоту органҳо, инчунин барои мушоҳидаи иҷрои шарт-номаю қаpopҳои ташкилотҳои байналхалқӣ мефиристад, Мушоҳидони дипломатӣ дар ҳолатҳое истифода мешаванд, ки давлати манфиатдор ба кори ягон конференсия, ташкилот ва органҳои байналхалқӣ аъзо мебошад. Мушоҳидони дипломатӣ ҳуқуқ доранд, ки дар ҳамаи маҷлисҳои кушод ширкат варзида, ҳуҷҷати конференсияю ташкилотҳоро гиранд, баъзан дар муҳокимаи масъалаҳо баромад намоянд ва таклиф пешниҳод кунанд. Онҳо аз ҳуқуқи овоздиҳӣ, ташкили органҳои конференсияву ташкилотҳо ва имзогузорӣ ба акту ҳуҷҷатҳои дигари онҳо маҳруманд.

Мушоҳидони дипломатӣ муваққати (фақат ба муддати кори конференсияи байналхалқӣ ё органи ташкилоти байналхалқӣ) ва д о и м ӣ мешаванд. Таъсиси ҳайати доимии намояндагии Мушоҳидони дипломатӣ  бори аввал дар Лигаи Миллатҳо ба вуҷуд омада, минбаъд дар системаи Ташкилоти Давлатҳои Муттаҳида такмил ёфт.

Дар амалияи муносибатҳои байналхалқии ҳозира барои мушоҳида ва назорати ядрои созишномаи тарафҳои муқобил мушоҳидони ҳарбӣ мавқеи махсус доранд. Вазифаи худро таҳти роҳбарии органи назорату мушоҳидот иҷро мекунанд. Гурӯҳҳои мушоҳидони ҳарбиро низ бо қарори Совети Амнияти Ташкилоти Давлатҳои Муттаҳида ТДМ ташкил медиҳанд. Вазифаи онҳо асосан аз назорату ошкор кардани моҳияти ҳақиқии воқеаҳо ва ба Совети Амният пешниҳод кардани маърӯза иборат аст. Мушоҳидони ҳарбӣ барои риояи шартҳои муторика дар Фаластин (1949), Ҳиндустону Покистон (1965) ва ғайра истифода шуда буданд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …