Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУШОҲИДА

МУШОҲИДА

mushohidaМУШОҲИДА, мушоҳада (арабӣ  — ба чашми худ дидан), идроки бомаромест, ки пайваста ба мақсаду вазифаҳои фаъолияти одам сурат мегирад. Мушоҳида таърихан ҳамчун қисми таркибии амалиёти меҳнати инкишоф меёбад, ки ба воситаи он мувофиқати маҳсули меҳнат бо нақшаи идеалии он муқоиса карда мешавад. Баробари мураккаб гардидани воқеияти иҷтимоӣ ва амалиёти меҳнатӣ Мушоҳида ба ҷанбаи мустақили фаъолият (Мушоҳидаи илмӣ, Мушоҳида ҳамчун ҷузъи ҷараёни эҷодӣ бадеӣ ва ғайра) табдил ёфт. Ба туфайли инкишофи илм Мушоҳида беш аз пеш мураккаб гардид.

Дар сотсиология ва психологияи ҷамъиятӣ вобаста ба мавқеи мушоҳид Мушоҳида ду навъ мешавад: Мушоҳидаи оддӣ  ё муқаррарӣ, ки дар айни он мушоҳид ба ҳодисаҳо бевосита дахл накарда, онро гӯё аз «берун» меомӯзад,

дар айни Мушощидаи мураккаб бошад, мушоҳид ба гурӯҳи иҷтимоие дохил шуда, худро ба шароити он мувофпқ карда,ҳодисаҳоро гуё «аз дарун» таҳлил менамояд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …