Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУШМУЛА

МУШМУЛА

mushmulaМУШМУЛА, 1) Машмулаи м у қ а р р а р ӣ ё германӣ, азғул (Mes-pilus germanica), бутта ё дарахти хазонрезест аз оилаи настараниҳо. Баландиаш 1,5—6 метр. Буттаи худрӯи Мушмула серхор, навъҳои мазрӯи он бехоранд; барги нештар ё байзашакл, гули калони сафед (диаметраш 3—5сантиметр),меваи гирдаи донакшакл дорад. Мушмулаи худрӯй дар Эрон, Осиёи Хурд, нимҷазираи Балкан, Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР (Кавказ, Қрим, Туркманистон) вомехӯрад. Дар баъзе Мушмулаи субтропикӣ: шохчаи гул (1) ва мевадор (2)  кишварҳои Европа, Штатҳои Муттаҳидаи Америка ва Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР (районҳои ҷанубӣ) Мушмула парвариш карда мешавад. Мевааш то 10% қанд, 1,2% ҷавҳари себ, 1,6—15,8 миллиграмм% витамини С дорад; барои тайёр кардани пастила, май ва ғайра истифода мебаранд. 2) Мушмулаи субтропикӣ ё японӣ, локва (Erioborya japonica), бутта ё дарахти субтропикии ҳамешасабзест аз оилаи настараниҳо. Баландиаш то 6 метр. Барги нештаршакл, резагули хушбӯи зардчаи сабзтоб, меваи сершираи нордони норанҷӣ ё зард дорад. Локваи худрӯй дар Хитой ва Ҳиндустони Шимолӣ паҳн шудааст. Локваро асосан дар Хитой, Япония, Штатҳои Муттаҳидаи Америка ва Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР (Кавказ, Қрим, Осиёи Миёна) мепарваранд. Аз меваи он компот ва мураббо тайёр мекунанд. Барои тархӯрӣ низ хуб аст. Ҳамчун буттаи ороишӣ дар чорбоғу гулбоғ ва хона мепарваранд. Мушмулаи муқаррарӣ ва ҳам субтропикиро бо тухмӣ ва пайванд зиёд мекунанд.

Адабиёт: Иващенко В. С., Мушмула в Молдавии, «Садоводство, виноградарство и виноделие Молдавии», 1950, № 2; Алиев Д. М., Субтропическая мушмула, «Сад и огород», 1958, № 11; Бахтеев Ф. X., Важнейшие плодовые растения, Москва, 1970.        А. А. Мадаминов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …