Маълумоти охирин

МУШКИЛОТ

musikiМУШКИЛОТ (арабӣ ҷамъи— душвор, сахт), шуъбаи созии мақомҳои таркиби «Шашмақом». Одатан, дар Мушкилот ба ҷуз аз қисмҳои «Тасниф», «Тарҷеъ», «Гардун», «Мухаммас», «Сақил» ҳар мақом воситаҳои созии ба худ хос дорад. Дар таркиби «Шашмақом» 46 оҳанги созӣ ҳаст. Бисёр оҳангҳо бо номи Мушкилот машҳуранд. Оҳангҳои халқии калонҳаҷм бештар дар асоси усулҳои созии мақомҳо эҷод шудаанд. Масалан, асари созии дуқисмаи «Мушкилоти Сегоҳ* ба усулҳои мақоми «Сегоҳ* асос ёфтааст. «Мушкилоти Дугоҳ* дар асоси «Муғулчаи Дугоҳ* ба вуҷуд омадааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …