Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУШКИ ЗАМИН

МУШКИ ЗАМИН

cyperusМУШКИ ЗАМИН (Cyperus), як ҷинси растанихои алафии бисёрсола, баъзан ду ё яксоларо гӯянд, ки ба оилаи ғешаиҳо мансуб аст. Гули дуҷинса, хӯшагули мураккаби соябоншакл, чормағзаки сеқирра дорад.

Қариб 500 намудаш асосан дар минтақаҳои тропикӣ, субтропикӣ ва баъ-зан мӯътадил мерӯяд. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР 14 ва дар Тоҷикистон 7 намуди Мушки замин  дар ҷойҳои сернам ва шибарзамини ҷануби мамлакат месабзад. Дар байни онқо С. fuscus бештар паҳн шудааст. С. rotundus бошад, фақат дар Кавказу Осиёи Миёна мерӯяд. С. alterni-folius-po дар хонаҳо ва гулхонаҳо парвариш мекунанд. Бодоми замини (С. esculenthus)-ро баъзан чун растании ғизоӣ ва зироати хӯроки чорво кишт менамоянд. Равғани эфири решапояи С. longus-po (нигаред расм) дар атриёт ва косметика истифода мебаранд, С. rotundus (саломалайкум), С. longue, С. fuscus ва С. glober алафҳои бегонаи кишти пахта, шолӣ ва дигар зироатҳо мебошанд. Решапояи Мушки замин (С. rotundus)-ро дар тибби халқӣ барои табобати певрози дил, заъфи узвҳои ҳозима ва ғайра истифода мебаранд.

Адабиёт: Флора Таджикской Советской Социалистической Республики, том 2, Душанбе, 1903; Аленоеев Ю. Б. (ва дигар], Травянистые растения Союза Советских Социалистических Республик, том 1, Москва, 1971. А. П. Чукавина.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …