Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУШАЪШАЪ

МУШАЪШАЪ

nophotoМУШАЪШАЪ (арабӣ — шаъшаанок, шуоъдор, равшан; лақаби сайид Муҳаммад) (соли таваллуд номаълум — вафот 1465/66), роҳбари як ҷараёни шиа, асосгузори давлати хурде дар Хузистон. Худро дар ҷавонӣ саромади Маҳдӣ ва баъзан Маҳдӣ меномид. Соли 1440 (ё 1441) ба шӯриши чанде аз қабилаҳои араб дар ҷануби Ироқ роҳбарӣ кард. Ба шӯриш деҳқонон, кам-бағалон ва ҳунармандони шаҳрҳои Хузистон ҳамроҳ шуданд. Шӯришгарон ашрофони маҳаллӣ ва рӯҳониёни сунниро cap бурида, замин ва моли онҳоро байни худ тақсим, лашкари феодалиро, ки аз Форс ба муқобили онҳо баромад, торумор карданд. Шӯриш соли 1442 шикаст хӯрд. Мушаъшаъ соли 1457 (ё 1458) дар ҳудуди Ҳувайза мисли давлати сарбадорон давлати хурди шиа ташкил дод, ки он баъдтар ба давлати оддии феодалӣ табдил ёфт ва то солҳои 30 асри 18 чун вассали Сафавиён вуҷуд дошт.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …