Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУШАКҲО

МУШАКҲО

muskuliМУШАКҲО, мускулаҳо, як навъи бофтаест, ки организм ва узвҳои алоҳидаи онро ба ҳаракат меоварад. Мушакҳо рах-рах ва суфта мешаванд. Ба Мушакҳои р а х-р а х қариб ҳамаи Мушакҳои устухонҳои скелет мансубанд. Онҳо ҳаракати бадан, кори дасту пой ва сутунмӯҳра, хоидану фурӯ бурдани хӯрок ва ғайраро таъмин менамоянд. Мушакҳои рах-рах аз нахҳои мушакӣ ва пай иборатанд. Дар таркиби нахҳои мушакӣ миофибриллҳо вуҷуд доранд. Мушакҳоро рагҳои хун ва торҳои ҳассоси асаб фаро гирифтаанд. Аз таъсири импулсҳо Мушакҳо кашиш хӯрда кор иҷро мекунанд. Кашишҳои сусте, ки хас-тагиро ба вуҷуд намеоранд, тонуси мушакӣ ном доранд. Бо ёрии он ҷасади одам дар вазъи муайян қаpop мегирад. Энергияи зарурӣ барои кори механикии Мушакҳо аз таҷзияи кислотаҳои аденозинтрифосфат ҷудо ме-шавад. Мушакҳо содда, мураккаб, қат ва росткунанда мешаванд. Мушакҳои скелетӣ аз Мушакҳои cap, ҷоғи поён, гардан, тӯш ва дасту пой иборат аст. Мушакҳои тӯш дар навбати худ ба Мушакҳои қафаси сина, шикам ва пушт ҷудо мешаванд. Дар бадани одам қариб 500 мушак мавҷуд аст, ки онҳо ба ҳисоби миёна 40%-и массаи баданро ташкил медиҳанд. Аз рӯи хусусиятҳои анатоми ва физиологӣ Мушакҳо ба скелет алоқаманд шуда, якҷоя системаи узвҳои ҳаракатро ҳосил мекунанд. Девораҳои артерия ва венаҳо, узвҳои нафас ва ҳозима, таносул ва ғайра аз Мушакҳо суфта таркиб ёфтаанд. Мушакҳои суфта аз Хуҷайраҳои мушакӣ иборат буда, нисбат ба Мушакҳои рах-фах сусттар кашиш мехӯранд. Ҳангоми инфаркти миокард, гипертония, атонияи бачадону шошадон ва ғайра функсияи кашишхӯрии Мушакҳо вайрон мешавад, ки он боиси тағйир ёфтани тонуси мушак мегардад. Тағйироти патологии функсияи узвҳои мушакӣ аз ихтилоли кори асабҳои мушак, латхӯрии Мушакҳои алоҳида ё қисмҳои онҳо ба вуҷуд меояд. Оид ба Мушакҳои дил нигаред Дил.

Тасвир дар мақолаи Анатомия.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …