Маълумоти охирин

МУСАММАТ

musammatМУСАММАТ (арабӣ — дар ришта марворид кашидан), як навъи шеърист, ки аз бандҳои чудогона таркиб ёфта, мисраи охири ҳар банд бо мисраи охири банди якум ҳамқофия меояд (ааааас, бббббс…):

Хезеду хаз оред, ки ҳангоми хазон аст.

 Боди хунук аз ҷониби Хоразм вазон аст.

 Он барги хазон аст, ки бар шохи разон аст,

Гӯи ба масал пираҳани рангразон аст.

 Дехқон ба тааҷуб сари ангушт газон аст,

К-андар чаману боғ на гул монд на гулзор

Товуси баҳориро дунбол  биканданд.

Парраш бибуриданд ба кунче бификанданд.

Хаста ба миён-боғ ба зориш бубанданд.

 Бо ӯ нанишинанду нагӯянду наханданд.

В-ин парри нигорин-ш бар ӯ боз набанданд.

То Озаримаҳ бигзараду ояд Озор.

(Манучеҳрӣ).

Дар навъи дигари Мусаммат ҳамаи шаш мисраи ҳар як банд ҳамқофияанд аааааа, ббоббб, вввввв):

Шод бошед, ки ҷашни Меҳргон омад.

Бонгу овои дарои корвон омад.

Корвони Меҳргон аз Хазрон омад,

Ё зи ақсои билоди Чинистон омад.

На аз ин омад би-иллах, ва аз он омад.

Ки зи фирдавси барину з-осмон омад.

Мехргон омад, хон дар бикшоедаш,

 Андар ореду тавозӯь бинмоедаш,

Аз ғубори роҳ андар бирубоедаш,

 Бинишонеду ба лаби хирад бихоедаш.

 Хуб дореду фаровон биситоедаш,

Ҳар замон хидмат лахте бифзоедаш

(Maнyчеҳрӣ).

Бандҳои Мусаммат аз се то даҳ мисраъ ме­шаванд: Агар се мисраъ бошад — мусаллас, агар чор — мураббаъ, агар панҷ — мухаммас, агар шаш — му­саддас, агар ҳафт — мусаббаъ, агар ҳашт — мусамман, агар нӯҳ ~ мутассаъ ва агар даҳ — муашшар гӯянд. Дар Мусаммат ҳамаи бандҳо мантиқан ба ҳам пайванди қавӣ доранд. Манучеҳрии Домғониро эҷодкори Мусаммат мешуморанд. Байдҳои Мусаммати Манучеҳрӣ аксаран шашмисраӣ буданд;

шоирони баъдина бандҳои Мусамматро аз се то ба даҳ мисраъ расонидаанд. Мусаммат бештар лирикӣ, мадҳӣ ва фалсафӣ мешавад.

Г. Неъматзода.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …