Маълумоти охирин

МУСАЛЛАС

sherМУСАЛЛАС (арабӣ— сегона, се­тоӣ), як навъи шеър аст, ки аз як­чанд

банд иборат буда, ҳар бан­ди он аз се мисраъ таркиб меёбад. Мусаллас хамчун шакли мустақили шеърӣ дар назми классикии форс-тоҷик пас аз асри 15 ривоҷ ёфт. Мушфикӣ эҷодкори жанри Мусаллас дониста шудааст. Мусалласи Мушфиқӣ 14 банд дошта, ду мимраи аввали бандҳои якум ва дуюм хамқофия меоянд. Ду мисраи аввали бандҳои чуфти оянда инчу­нин мисраъҳои сеюми ҳамаи бандҳо бо якдигар ҳамқофия мешаванд: ааб, ааб, вгнб, ввб, ггб, гтб ва ғайра. Масалан, банди якуми Мусалласи Мушфиқӣ чунин аст:

Рӯзе, ки ба савдои ту афсона шудам,

Бар шамъи таманнои ту парвона шудам.

 Афтод нигохе зи иноят ба манат.

Баъзан шоирон дар яке аа миераъҳои банди охирини Мусаллас тахаллусашонро зикр мекарданд:

Шуд Мушфиқӣ аз доғи чунун шайдоӣ,

Гардид ба бозори ғамат савдой,

Аа шеваи чодувони пурмакру фанат.

Мусаллас дар эҷодиёти даҳанакии халқ низ мақоми муайян дорад. Сурудҳои таърихӣ — сурудҳои дар бораи Восеъ ва марсияҳои халқӣ бештар дар ҳамин шакл гуфта шудаанд, вале дар қофиябандии онҳо фарқ дида мешавад. Мусаллас пас аз Мушфиқӣ чандон ривоҷ наёфта бошад ҳам, вале аз эътибори аҳли адаб тамоман берун намондааст. Баъзе шоирони асри 19 чун Фасеҳӣ, ба Мушфиқӣ пайравӣ карда, Мусаллас гуфтаанд. Дар адаби­ёти советии тоҷик низ Мусаллас дучор ме­шавад. Абулқосими Лоҳутй, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Абдусаломи Деҳотӣ ва дигар шеъру достонҳои хурди худро дар шакли Мусаллас навиштаанд. Аммо қофиябандӣ дар Мусалласи онҳо аз тарзи классикӣ ва халкӣ фарқ мекунад.    З. Аҳрорӣ, С. Имронов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …